БОДО МУБОРАК ИДАТОН, ЭЙ БОНУВОНИ МЕҲРУБОН! Имрӯз рисолати асосии зан-модари тоҷик ҳамқадами замон будан аст

Март 6, 2020 12:10

ДУШАНБЕ, 06.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Вақте  модар мегӯем пеши назарамон симои азизтарин, мушфиқтарин, меҳрубонтарин шахс ҷилвагар мегардад. Воқеан зан- модар бузургтарин нафар  аст, ки ҳаёту зиндагӣ аз ӯ сарчашма мегирад. Модарон идомабахши ҳаётанд. Пайёмбари Худо Муҳаммад (с) дар ситоиши бузургии зан –модар фармудааст: «Биҳишт зери қудуми модарон аст».

Агар ба фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон назар афканем, хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст.

 Дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон  ғамхорӣ нисбат ба занону модарон дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат қарор дошта, нисбат ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, беҳдошти вазъи  иҷтимоӣ ва маърифатнокии бонувон тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Ин аст, ки  зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади таъмини иштироки фаъоли занон дар ҳаёти сиёсию ҷаъмиятӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ Ҳукумати мамлакат як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа нақши муҳим мебозанд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи табдирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» яке аз ин санадҳост.

Дар остонаи Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 8 март  таҷлил мегардад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон Мавҷуда Ҳасанзода мусоҳиба анҷом додааст, ки фишураи он пешкаши хонандагони АМИТ «Ховар» гардонида мешавад. 

 АМИТ «Ховар»: Рисолати зан-модари тоҷикро Шумо дар замони муосир чӣ тавр  тавзеҳ медиҳед?

Мавҷуда Ҳасанзода: Зан – Модар, ки дар ҳама давру замон  равшани хонадон, мураббии фарзандон, посдори сулҳу субот ва ояндаи башар аст, ҳамеша ниёз ба арҷгузорӣ ва эҳтироми бепоён дорад. Имрӯз мо ифтихор менамоем, ки зан-модар дар ҷомеаи Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати худро соҳиб гардидааст.

Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буду ҳаст. Ин рисолати бузург раҳнамои рӯзгори бонувони мо мебошад. Имрӯз мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд.

Дар даврони соҳибистиқлолии  мамлакат занон тавонистанд бо неруи созандаи худ ба ҳайси аъзои Ҳукумати мамлакат ва парлумон, роҳбарони вазорату идора, ташкилоту муассиса ва шаҳру ноҳия фаъолият намуда,  баҳри шукуфоии сарзамини офтобиамон  саҳми шоистаи худро гузоранд, ки ин мояи ифтихору сарбаландист.

Боиси сарфарозист, ки занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро бо масъулияти баланд ба ҷой меоваранд ва насли ояндаро дар рӯҳияи баланди ватандориву ватандӯстӣ тарбия ва ба камол мерасонанд.

АМИТ «Ховар»: Оё мақоми имрӯзаи зан-модари тоҷик барои тарбияи фарзандон, ҳидояти наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва нигоҳдории оила мусоидат мекунад?

Мавҷуда Ҳасанзода: Зан – Модарро ҳамеша сарчашмаи меҳру муҳаббат, шафқат,  мураббии одоби неку ҳамида, ҳидоятгари роҳи рост, тарғибгари суннату анъанаҳои неки ниёгон, посдорандаи арзишҳои пурқимати ҷомеа ва аз ҳама муҳим, нигоҳдорандаи бақои оила мешуморанд.

Дар робита ба  арзишҳои хоси фарҳанги оиладории шарқӣ, аз ҷумла суннату ойинҳои неки тоҷикон ҳар як модари тоҷик вазифадор аст, ки  фарзандон, бахусус духтарони худро ба ҳаёти мустақилона омода созад,  фарҳанги оиладориро дар шуури фарзанд бедор намуда, ба ӯ одоби ҳамида талқин намояд. Бесабаб намегӯянд, ки дар қалби бузурги модар ҷаҳон ҷой мегирад. Модар ҳар як нияту иқдом ва рафтору кирдори фарзандашро эҳсос менамояд ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ӯро ба зиндагии шоиставу пурсаодат раҳнамун созад.

Дар ҷомеаи шаҳрвандии мо зану мард бо ҳам ҳуқуқи баробар доранд, вале дар асл рисолат ва масъулияти зан-модар бештар мебошад. Зеро зан-модар азизтарин офаридаи рӯйи Замин аст, ки Худованд ба вай ҳамчунин қудрати офаринандагӣ ато фармудааст ва зиндагии инсон аз оғӯши пур аз меҳру муҳаббати ӯ оғоз мегардад. Модар аввалин мураббии башар ва оғӯши пурмеҳри ӯ нахустин дабистони фарзанд маҳсуб меёбад.

АМИТ «Ховар»: Дар замони соҳибистиқлолӣ занону модарон мақоми болотару беҳтарро сазовор гардиданд. Ҳамин тавр не?

Мавҷуда Ҳасанзода: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи таҳкими мақом ва таъмини ҳуқуқи конститутсионии занон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад ва ин тадбирҳо зина ба зина мутобиқ ба меъёрҳои ҷомеаи ягонаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, бо ташаббуси Пешвои миллат ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз тадбирҳоест, ки барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан-модар дар ҷомеа мусоидат мекунад.

Дар Паёму баромадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи занон ҷойгоҳи хосса дорад. Зеро Сарвари давлат чун ҳамеша занонро неруи созандаи ҷомеа дониста, эътимоди худро нисбат ба онҳо баён медоранд. Пешвои миллат азму ирода ва масъулиятшиносии занонро ҳамчун неруи бузурги ҷомеа арзёбӣ кардаанд, ки фаъолияти босамари онҳо дар баробари мардон далели ин гуфтаҳост.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи  Паём ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти хизматҳои арзандаи занону духтарон дар таъмин ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд пешниҳод намуданд, ки ҷалби занону духтарон ба кор дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар гардонида шавад, то ки дар ин сохторҳо низому тартиботи кор боз ҳам тақвият ёбад. Ҳадафи пешниҳод ба рушди бахшҳои зикргардида равона шудааст, зеро занон неруи созанда ва назму тартибанд.

АМИТ «Ховар»: Кадом  лаҳзаи ҳаёт аз зан буданатон бештар  ифтихор кардаед?

Мавҷуда Ҳасанзода: Барои ҳар як зан модар тарбияи хуби фарзанд, обрӯю эътибори ӯ, дастовардҳои фарзандон ва саҳмгузорӣ дар рушду шукуфоии мамлакат беҳтарин неъмат ва подоши хизматҳояш мебошад. Аз ин рӯ, ифтихори ман мисли модарони тамоми дунё бахту саодати фарзандонам мебошад.

АМИТ «Ховар»: Хонашин будани зан маънои бесаводиро надорад. Тафовут миёни занону духтарони маълумоти олидор ва бемаълумот, фарқ миёни занони хонашин ва коргар аз нигоҳи Шумо?

Мавҷуда Ҳасанзода: Ба назари ман, муҳимтар аз ҳама, имрӯз зарур аст, ки занони мо ҳамқадами ҳаёт ва замон бошанд. Аз навигариҳои олам ва кашфиёти нави илму техника воқиф гарданд. Дар баробари забони модарӣ барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои англисӣ ва русӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ бархурдор бошанд ва барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ сайъ намуда, арзишҳо ва фарҳанги миллии худро пос доранд ва ба онҳо эҳтиром гузоранд.

АМИТ «Ховар»: Таманнои Шумо ба модарони тоҷик:

Мавҷуда Ҳасанзода: Тамоми занону бонувонро ба муносибати иди фархундаи баҳору зебоӣ — Рӯзи Модар аз самими қалб табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва осмону софу беғуборро дар Тоҷикистон азиз, ки воқеан ҳам сарзамини биҳиштосост,  орзу намуда, мегӯям:

Бодо муборак идатон, эй бонувони меҳрубон,

Эй модарон, эй хоҳарон, эй гулрухони роздон

Дар асл ҳастии Шумо, сарсабзиҳо бошад ҳаме,

Хушрӯз  бошед доимо, эй ғунчаҳои гулфишон.

Хурсандӣ хоҳем баҳратон, бахти сафеди зарфишон

Имрӯз аст иди Шумо, садсола гардеду амон!

 Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Март 6, 2020 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор мегарданд
НИГОҲЕ БА САНЪАТИ МУСИҚӢ. Ҳамоиши илмию адабӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
То ҷашни Наврӯз муассисаҳои фарҳангии таъмирталаби шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозӣ мешаванд
Дар Душанбе оид ба назария ва амалияи санъат ва дизайн конференсия доир шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Волидон ва омӯзгорони ғолибони озмун бо нишони «Аълочии маориф ва илм» ва «Маърифатпарвар» сарфароз гардонида шуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид
Соли 2025 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин баргузор мегарданд
Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд