Дар Хонаи пиронсолони шаҳри Душанбе базми наврӯзӣ доир гардид

Март 20, 2020 10:43

ДУШАНБЕ, 20.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бахшида ба Иди Наврӯз дар тамоми муассисаҳои иҷтимоӣ — хонаи пиронсолон ва мактаб-интернатҳои пойтахт  дастурхони идона густурда шуда, барномаҳои рангини наврӯзӣ пешкаши бошандагону тарбиятгирандагони  онҳо мегардад. Гурӯҳи ҳунармандони Клуби марказонидашудаи назди Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе  чунин як барномаи фарҳангиро  дар хонаи пиронсолони пойтахт  барпо намуданд.

Тавре аз Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, санъаткорони гурӯҳи марказонидашудаи назди Раёсат дар назди бошандагони Хонаи пиронсолон бо суруду таронаҳои наврӯзӣ   ҳунарнамоӣ  намуда, гулдухтарони  наврас бо рақсҳои ҷолиб хотири онҳоро  шод намуданд. Бошандагони Хонаи пиронсолон дар баробари ҳунармандон суруд хонда, мерақсиданду шодӣ мекарданд.

«Пиронсолон аз тамошои ин барномаи фарҳангии мо изҳори хушҳолӣ намуда, ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ,  санъаткорон  ва наврасон изҳори миннатдорӣ менамуданд. Воқеан ҳам аз дидани шодию нишоти онҳо мо низ худро хушҳол дарёфтем. Охир яке аз  анъанаҳои асосии Наврӯзи бостонӣ ин дасти касеро гирифтан, ба касе шодию хурсандӣ бахшидан аст»,- гуфтанд баргузоркунандагони барномаи фарҳангӣ.

 

Март 20, 2020 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд