Дар вилояти Суғд беш аз 60 корхонаи истеҳсоли орд ва равған фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 31.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд беш аз 30 корхонаи истеҳсоли равған ва 32 корхонаи коркарди ғалла фаъолият дошта, барои таъмини бозори дохилӣ бо ин маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхонаҳои коркарди ғалла беш аз 1 миллион тонна ордро ташкил медиҳад. Ин корхонаҳои истеҳсолӣ имконият доранд талаботи аҳолии вилоят ва ҷумҳуриро бо ин маҳсулоти ниёзи аввал қонеъ намоянд. 30 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон аз якчанд корхонаҳои истеҳсоли орд ва равған боздид намуда, бо фаъолияти ширкатҳо шинос гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Раиси вилоят нахуст фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли равған — ҶДММ «ЗирвЭко», ҶДММ «Сахо» ва ҶДММ «Ҷилои Ҷавҳар»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Тавре иттилоъ дода шуд, дар натиҷаи дастгириҳои давлатӣ теъдоди корхонаҳои истеҳсоли равған сол аз сол зиёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли ин маҳсулот меафзояд. Масалан, агар соли 2018 дар вилоят 4052 тонна равған истеҳсол гардида бошад, соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли равған ба 5090 тонна баробар шуд. Корхонаҳои истеҳсоли равған асосан дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Спитамен, Мастчоҳ, Зафаробод ва Ҷаббор Расулов фаъолият дошта, маҳсулоти истеҳсолшаванда сифати олӣ дорад. Дар ҳамаи корхонаҳо ба таври кофӣ маҳсулот захира гардида, равғани хушсифат мунтазам вориди бозорҳо гардонида мешавад.
Ҳамзамон Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ҶДММ “Анҳор”, ки ба коркарди ғалла машғул аст, шинос гардид. ҶДММ “Анҳор” яке аз корхонаҳои калонтарин дар самти коркарди ғалла маҳсуб ёфта, соли 2018 бо ташаббуси соҳибкор Зикруллохоҷа Самандаров мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
Корхона соли 2018 зиёда аз 41 670 тонна ва соли гузашта 66 648 тонна орд истеҳсол намуда, барои бо маҳсулоти худӣ таъмин кардани аҳолӣ саҳми арзанда мегузорад.
Раиси вилоят пас аз шиносоӣ ба роҳбарияти корхонаҳои истеҳсоли орду равған ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳоли маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин восита саҳми бештар гузоштан дар саноатикунонии мамлакат дастуру супоришҳо дод.










Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






