«Раванди қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва мушкилиҳо» — Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар Душанбе

Март 31, 2020 16:15

ДУШАНБЕ, 31.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқии мусоидаткунанда ба рушди низоми нави ҳуқуқӣ фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро ба марҳилаи сифатан нав, ба монанди банақшагирии таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ, гузаронидани экспертизаҳои ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионии лоиҳаҳои қонунҳо ворид намуд. Ин нуктаро 31 март директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саидзода зимни баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Раванди қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва мушкилиҳо»  баён намуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни конференсияи мазкур таъкид гардид, ки дар ҷумҳурӣ тартиби қабули қонунҳо тадриҷан рушд ёфта, имрӯз он ба раванди мукаммали ҳуқуқӣ табдил ёфтааст.

Қабул гардидани санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳо доир ба раванди қонунгузорӣ, ташкил ва фаъолияти мақоми ваколатдори татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ, инчунин фаъолияти муассисаҳои илмию таҳлилӣ бо мақсади аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудани қонунҳо, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи онҳо ва қабули 385 қонун то ба имрӯз, ки тавассути онҳо муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаҳо ва самтҳо бевоситаю бонизом танзим карда мешаванд, аз дастовардҳои бузурги раванди қонунгузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ мебошанд.

Дар интиҳои Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Раванди қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва мушкилиҳо»  ишора шуд, ки конфронси мазкур ба инкишофи минбаъдаи илми ҳуқуқи тоҷик, рушди раванди қонунгузорӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда дар ҷодаи баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мусоидат менамояд.

Март 31, 2020 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд