«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллӣ таҳти ин ном намоиши ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 18.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 17 март дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз» оғоз гардид, ки то 31 март идома меёбад.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар намоиш ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангие, ки давоми як сол бо роҳи харид, туҳфа ва дар натиҷаи корҳои бостоншиносии кормандони Осорхона ба фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ворид гардидаанд, манзури тамошобинон мегарданд.
Дар ифтитоҳи намоиш доираи васеи намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ, намояндагии “Россотрудничества” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат ширкат доштанд.
Аз Наврӯзи соли 2019 то Наврӯзи соли 2020 ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон 6480 адад намунаи гуногуни мероси таърихӣ – фарҳангӣ ворид гардидаанд, ки аз ин миқдор 4168 адади он тавассути комиссияи фондии Осорхона харида шуда, 423 адад бозёфтҳои гуногуни мансуб ба давраҳои таърихи қадим ва асри миёнагии бостоншиносӣ мебошанд. Инчунин 1889 адади дигар аз ҷониби шахсиятҳо ва мақомоти гуногуни мамлакат ба Осорхона эҳдо гардидаанд.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 адад сиккаи 100-сомонаи нуқрагӣ бо навиштаҷоти «Оғози кори НБО – Роғун» ва сиккаҳои асри XV, иборат аз 1314 адад туҳфа шуда, дар осорхона маҳфузанд.
Зимни боздид аз ин намоиш тамошобинон метавонанд бо намунаи сӯзанӣ, гулдӯзӣ, чакан, ҳунари мисгарӣ, сиккаҳо, мероси хаттӣ, пайкара, нимпайкара ва дигар намунаи ҳунарҳои мардуми тоҷик шинос гарданд.
Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон 27 июли соли 2011 таъсис ёфта, масоҳати он 24000 м2 -ро ташкил медиҳад, ки 15 000 м2 он барои экспозитсия пешбинӣ шудааст.
Осорхона 22 толори намоишӣ дошта, дар онҳо беҳтарин шоҳкориҳои ниёгон, ки муаррифи таъриху тамаддуни халқи тоҷик мебошанд, ба намоиш гузошта шудаанд.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои тамошобинон чор шуъбаи экспозитсионӣ: табиат, таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, санъати тасвирӣ ва амалӣ фаъолият менамоянд.
Хамчунин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар он ҳадяҳои ба Президенти Тоҷикистон аз дигар мамолики олам эҳдошуда ба тамошо гузошта шудаанд.










Оид ба муоширати бисёрфарҳангӣ, нақши забонҳо, адабиёт ва илм дар рушди ҷомеаи муосир конфронси байналмилалӣ доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Анқара дастовардҳои китобдорӣ ва рақамикунонии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
«ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон дар Ҷумҳурии Арабии Миср маҷалла бо забони арабӣ нашр гардид
Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» бо 7 забон тарҷума ва нашр гардид
Дар шаҳри Дюсселдорф барномаи фарҳангии тоҷикон баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати театрии Русия намоиши театрии «Ҷавонии Мушфиқӣ» баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба нақши оила дар камолоти маънавии фарзанд ҳамоиш доир шуд
Ба беш аз 13 ҳазор оилаи ноҳияи Муъминобод «Шоҳнома»-и безавол тақдим мегардад
Оид ба фаъолият ва рӯзгори сиккашиноси маъруфи тоҷик конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории рӯзи якуми даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шинос шуд
Китоби сеюми ««Народная газета» о Народном Президенте» нашр гардид






