«Фурӯғи субҳи доноӣ… » ё «Баргир ба каф китоби худро»! аз даъватҳои маорифпарваронаи қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Эмомалӣ Раҳмонанд

Апрель 15, 2020 12:33

ДУШАНБЕ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/.Имрӯз, 15 апрел ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосир ва фарҳангу маданияти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ 142 сол пур мешавад. Дар адабиёти маорифпарварии нимаи дуюми асри ХIХ агар Аҳмади Дониш қадамҳои устувор гузошта бошад, дар асри ХХ устод Садриддин Айнӣ ин ҷараёнро идома дода, бо ақидаҳои маорифпарваронаи худ дар адабиёти тоҷик ҷойгоҳи мустаҳкам касб намуд. Афкори маорифпарварии устод Айнӣ дар мероси бою пурарзиши ӯ баръало инъикос ёфтаанд. Ба қавли шоири бузурги форсигӯ Нодири Нодирпур, «ҳеҷ шоире ҷовид нахоҳад шуд, магар он ки шоири насл ва замони худ бошад».

Ашъори устод Айнӣ ҷанбаи маърифатию маорифпарварӣ дошта, барои босавод кардани мардум эҷод карда шудааст. Ӯ ба ҳайси муаллими миллати тоҷик ва ба сифати шиносномаи миллати тоҷик дар як давраи тақдирсоз зиндагӣ кардааст. Эҷодиёти устод то имрӯз қадру манзалати худро гум накардааст ва бо мазмуни баланду хусусиятҳои хоси даъватомези худ асрҳои аср зиндаю ҷовид хоҳад монд. Шарифҷон махдуми Садри Зиё ҳанӯз соли 1907 дар «Тазкори ашъор» ба қудрати шоирии устод Айнӣ баҳои баланд додааст:

Ба мулки сухан Айнии хушбаён,
Чу шамъ аст урёну рӯшанбаён.
Ба назму ба насри сухан довар аст,
Зи насраш вале назми ӯ хуштар аст…
Суханҳои Айнист хуштар зи ҷон,
Агар боварат не, биёву бихон.

Анъанаи тарғиби илму дониш, рӯй овардан ба мактаб, даъвати наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ дар ашъори шоир мақоми хосса дорад. Устод Айнӣ бо истифода аз анъанаҳои даъват ба воситаи шеър фикрашро дар ин масъала возеҳу равшан баён сохтааст. Устод Айнӣ аз зумраи  адибонест, ки дар эҷодиёташ мавзӯи мактабу маорифро дар мадди аввал гузошта, аз худ намудани илму донишро пайваста талқин намудааст. Ӯ соли 1911 дар як маснавии худ мактаби усули навро васф намуда, мактабро сабаби ҳама гуна пешравию комёбиҳо донистааст:

Эй монда қадам ба роҳи мактаб,
Олист мақому ҷоҳи мактаб.
Мактаб сабаби ҳаёт бошад,
Мактаб сабаби наҷот бошад.
Мактаб ба ту ақлу ҳуш бахшад,
Мактаб ба ту шаҳду нӯш бахшад.
Мактаб ба ту дод илму одоб,
Мактаб ба ту дод дурри ноёб.

Шоир дар хусуси мактаб сухан ронда, илму дониш ва ирфону маорифро тавсиф намуда, ҳамаро ба ин макони илму дониш даъват мекунад. Устод таъкид мекунанд, ки хоби худро як тараф гузору рӯ ба мактаб биёр:

Бархез, гузор хоби худро!
Баргир ба каф китоби худро!
Рав аз ҳама пештар ба мактаб,
Шавқ аст туро агар ба мактаб.
Саъйе бинамову илму одоб
Беҳтар зи шарики хеш дарёб.
То дар ду ҷаҳон азиз бошӣ,
Бодонишу ботамиз бошӣ.

Дар ғазали «Замзамаи дабистон» (1915) низ устод Айнӣ мактабро васф намуда, санъати ташбеҳро хеле хубу дилкаш ба қалам додааст. Адиб илму маорифро ба сурию савсан, толибилмонро ба булбул, хомаи дасти онҳоро ба сарви хиромон ва саҳифаҳои коғазро ба саҳни бӯстон монанд кардааст, ки чунин суханпардозиҳо хоси адибонест, ки ба умқи илму маориф сарфаҳм рафтаву дигаронро низ ба он даъват менамояд:

Мавсими барфу фасли зимистон,
Боғи дигар шуд саҳни дабистон.
Илму маориф – сурию савсан,
Толиби ирфон – булбули дастон.
Хома ба ҷавлон – сарви хиромон,
Сафҳаи коғаз – саҳнаи бӯстон…

Дар мисраъҳои охири ин ғазал устод таъкид менамояд, ки агар ин гуфтаҳои моро напазирӣ, бархезу ба сӯи дабистон равон шав:

Замзамаи мо нағмаи мактаб,
Бадрақаи мо илмпарастон.
Гуфтаи Айнӣ гар напазирӣ,
Хезу равон шав сӯйи дабистон.

Ба ақидаи устод Айнӣ, танҳо илму дониш омӯхтан шахсро обрӯманд мегардонад. Адиб таъкид мекунад, ки муътабар гардидани шахс аз хондани зиёд сарчашма мегирад ва хонандаро ба илм омӯхтан даъват менамояд.

Устод дар маснавии «Суруди мактаб» (1917) ин нуктаро хеле хуб баён намудааст:

Биёед, эй шарикон, дарс хонем,
Ба бекорию нодонӣ намонем.
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад…

Дар ҳақиқат бе мактабу бе илму дониш касе обрӯманд намешавад. Устод Айнӣ дар рубоии зерин мактабро макони илму адаб, дуркунандаи ғаму ранҷу азоб ва дар маҷмӯъ, ҳамчун одамият муаррифӣ намудани шахсияти ҳар як инсон номидааст:

Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,
Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб.
Як нуктаи мухтасар зи мактаб гӯям:
Одам нашавад касе магар аз мактаб.

Дар шеъри «Аз файзи Яздон хон аст мактаб»-аш  Садриддин Айнӣ инсониятро ба ҷисм ва мактабро ба ҷон ташбеҳ додаст:

Аз файзи Яздон хон аст мактаб,
Бар лаъли ирфон кон аст мактаб.
Беҷон ҷасадро қадре набошад,
Ҷисм аст инсон, ҷон аст мактаб.
Аз мактаб ояд осоиши дил,
Марғуби дилҳо з-он аст мактаб.

Адиб мегӯяд, ки бемактабон ҳаёт надоранд, обу нон, ки сарчашмаи асосии ҳаёту зиндагии инсонҳост, аз мактаб ибтидо мегирад, яъне ба дурустӣ, шахси мактабхон илму дониш мегирад ва ризқу рӯзиашро ба осонӣ пайдо карда метавонад. Моҳӣ бе об ва мурғ бе дон зиста наметавонад ва моҳию мурғ толибилмон, обу дон гуфта шоир мактабу маорифро дар назар дорад. Устод Айнӣ дар ин хусус мегӯяд:

Бемактабонро набвад ҳаёте,
Об аст мактаб, нон аст мактаб…
Дар чашми биниш нур аст дониш,
Дар ҷисми дониш ҷон аст мактаб.
Дар моҳии ҷон об аст ирфон,
Дар мурғи ирфон дон аст мактаб.

Аз таҳлили шеъру ғазалҳои маорифпарваронаи ин фарзанди барӯманди халқи тоҷик, ки пайваста ҳар як фардро ба донишандӯзӣ даъват кардааст, ба  хулосае метавон омад, ки рӯ овардан ба мактаб вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як инсон аст. Адиб таъкид бар он дорад, ки агар ба мактаб рӯ биёрӣ, илму дониш омӯзӣ, дар ҷомеа обрӯманду соҳибэҳтиром ва дорои мақому манзалат мегардӣ.

Дар ҳар як давру замон номи халқу миллатро фарзандони хирадманду заковатпеша, фидокору қаҳрамон ва бонангу номусаш зиндаву поянда медоранд ва шуҳрату маҳбубият мебахшанд. Бунёдгузори адабиёт ва фарҳангу маданияти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ аз ҷумлаи ҳамин гуна шахсиятҳои бузурги таърихӣ буда, бо кору пайкор, талошу муборизаҳои собитқадамона ва чунин шеъру ғазалҳои маорифпарварона фарзандони халқи тоҷикро ба омӯхтани илму дониш даъват намудааст. Ӯ дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, бедориву худшиносии миллати тоҷик хидматҳои арзандаву барҷаста анҷом дод, ки дар оянда сармашқи фаъолияти амалии фарзандони дигари миллат қарор гирифтанд.

Доир намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – ватани азизи ман» ва нашри китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва тақдими он ба ҳар як оилаи тоҷик аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираҳои луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, хусусан наврасону ҷавонон ва дигар табақаҳои аҳолӣ нигаронида шудааст, идомаи даъватҳои маорифпарваронаи фарзандони баруманди халқи тоҷик мебошад.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар» 

Апрель 15, 2020 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин