Ноҳияи Панҷ: Соҳибкор Саймурод Давлатов дар 65 гектар боғи бодом, шафтолу ва писта бунёд намудааст
ДУШАНБЕ, 13.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун бо ибтикори соҳибкор Саймурод Давлатов дар 65 гектар замине, ки солиёни зиёд бекор хобида буд, боғи нави бодом, шафтолу ва писта бунёд гардид. Дар ин мавзеъ 13 ҳазор бех пистаи пайвандии аз Туркия овардашуда ва 300 бех зайтун шинонида шудааст. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, аз ҷониби соҳибкор дар ин мавзеи беоб аз масофаи 4,5 километр об оварда шуда, ниҳолони писта бо усули обёрии қатрагӣ парвариш карда мешаванд. Ба қавли мутахассисон, пистаи мазкур пас аз 4 сол ба ҳосил даромада, то ҳосилдеҳ шудани он дар замини байни ниҳолон тарбуз ва нахӯд кишт карда мешавад.
Зикр гардид, ки имсол дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон 3721 гектар пиёз, зиёда аз 2000 гектар полезӣ, 300 гектар картошка кишт гардидааст. Деҳқонон айни ҳол ба ҷамъоварии ҳосил машғул буда, аллакай ба содироти маҳсулоташон ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ оғоз намуданд.
Ноҳияи Ҷайҳун дар вилояти Хатлон ягона ноҳияест, ки сокинони он бештар ба кишти пиёз, сабзӣ ва лимӯпарварӣ машғул мебошанд. Имсол дар ноҳия 16 ҳазор гектарро майдони умумии кишти зироат ташкил медиҳад. Инчунин аз 100 гектар кишти такрории мавсими гузашта захираи сабзӣ мавҷуд буда, дар сурати пайдо шудани талабот фурӯхта мешавад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни боздид аз ноҳия бо фаъолияти ин ва чанд хоҷагии пиёзкор шинос шуд.
Хамчунин Қурбон Ҳакимзода аз майдони кишти маъсар дидан намуд. Масоҳати умумии майдони кишти ин навъи маҳсулот дар ноҳия 315 гектарро ташкил дода, ҳосилаш аввали тобистон ғундошта хоҳад шуд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни сафари худ аз ноҳияҳои Ҷалолидддин Балхӣ, Дӯстӣ ва Панҷ дидан намуда, ба роҳбарияти ноҳия ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои минбаъдаи соҳибкорону кишоварзон дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






