Тоҷикистон вобаста ба талаботи бозори сайёҳӣ мутахассисони ҳирфаӣ омода менамояд

Апрель 11, 2020 11:21

ДУШАНБЕ, 11.04.2020/АМИТ «Ховар»/. Омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ вобаста ба равандҳои рушди бозори сайёҳӣ зимни ҳамоише, ки  дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар мавзӯи «Омодасозии кадрҳо бо ҳадафи рушди устувори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид, матраҳ шуд. Ҳамоиш дар доираи лоиҳаи  «Рушди таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардида, дар он  намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи рушди сайёҳӣ  ва ҳайати устодони Донишкадаи сайёҳӣ,  соҳибкорӣ  ва хизмат иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои умда ва афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллӣ маҳсуб ёфта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ин аст, ки  Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро омили калидии рушди соҳаи сайёҳӣ арзёбӣ намуданд.  Аз ин рӯ, рушди бемайлони бозори сайёҳӣ зарурати ҷорӣ намудани нигоҳи навро дар равандҳои таҳсилоти тахассусии сайёҳӣ ба миён меорад, гуфта шуд дар ҳамоиш.

Иштирокдорони ҳамоиш изҳор доштан, ки ҳолати омода намудани кадрҳои соҳаи сайёҳӣ вобаста ба равандҳои рушди бозори сайёҳӣ мушкилотест, ки сари он бояд андеша кард. Аз ин ҷо фароҳам овардани шароити муосири истифодаи технологияҳои пешқадами педагогии марбут ба рушди бозори сайёҳӣ ва татбиқи ҳамаҷонибаи он дар раванди таҳсилоти тахассусӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳа зурур аст.

Иштирокдорони ҳамоиш ҳазамон роҷеъ ба  масъалаҳои омода намудани мутахассисони бахши сайёҳӣ дар мамлакат,  самтҳои муҳими мукаммалсозии низоми таҳсилоти тахассусии соҳаи сайёҳӣ   ва рушди сайёҳии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: тамоюл ва дурнамо ибрози назар намуда, пешниҳодҳои судманд баён карданд.

Баррасии масъалаи омода намудани мутахассисони  касбии бахши сайёҳӣ дар мамлакат дар ҳолест, ки соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» қабул гардид. Инчунин аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 дар ҷумҳурӣ «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд, ки  ҳадафаш боз  ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини  аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Апрель 11, 2020 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Симпозиуми панҷуми байналмилалии фалак баргузор мегардад
Вобаста ба криосфера, иқлим ва захираҳои об конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон доир мегарданд
Сокинони ноҳияи Ховалинг соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома» мегарданд
Дар шаҳри Панҷакент Маҷмааи фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ба истифода дода шуд
Дар Ховалинг бошишгоҳи нави палеолитӣ бо таърихи 500 ҳазор сол кашф гардид
Дар Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» беш аз 30 филм намоиш дода мешавад
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2025 фаъолияти назаррас дошт
Озмуни аксҳо таҳти унвони «Душанбе – шаҳри гулҳо ва зебоӣ» эълон гардид
Операсароёни маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ Стефания Мурино ва Фабио Каррери дар Хуҷанд сурудҳоро бо забони тоҷикӣ иҷро намуданд
Туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия дар Осорхонаи миллӣ бо фарҳанги қадимаи миллати тоҷик аз наздик шинос гардид