Вебинар дар Кумитаи андоз: тартиби таҳия ва пешниҳоди эъломия дар шакли содакардашудаи андозбандӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 апрел бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр сохтани чорабиниҳои зиддиэпидемиявӣ оид ба пешгирии паҳншавӣ ва пайдоиши сирояти коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 марти соли 2020 вебинар (семинар-ҷаласаи онлайнӣ) баргузор намуд.
Вебинар ба мавзӯи «Тартиби таҳия ва пешниҳоди эъломия дар шакли содакардашудаи андозбандӣ» бахшида шуда, дар он ба шакли маҷозӣ 200 нафар андозсупоранда ширкат намуданд.
Дар ҷараёни вебинар мутахассисони Кумитаи андоз оид ба ворид сохтани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020 оид ба таҳия намудан ва пешниҳод кардани эъломияҳои андоз дар шакли содакардашудаи андозситонӣ, қисми техникии пур кардани эъломия, ҳамчунин ба андозсупорандагон саволҳо ва пешниҳодҳо оид ба тағйирот ба модели эъломияҳои электронӣ барои низоми содакардашуда пешниҳод шуданд.








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






