АҲСАНТ, БАРОДАР! Кумаки соҳибкори тоҷик дар Новосибирск халқияту миллатҳои дигарро хушҳол намуд
ДУШАНБЕ, 12.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар пайи хуруҷи бемории сироятии Ковид-19 ва ҷорӣ гардидани карантин дар қаламрави Федератсияи Россия на танҳо муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, балки кулли кишварҳо муваққатан бекор мондаанд. Дар ин баробар дарсҳои донишҷӯён низ ҷиҳати ҳифзи саломатии онҳо ба таври фосилавӣ ва ё онлайн роҳандозӣ гардидаанд.
Тавре хабарнигори махсуси АМИТ “Ховар” дар Федератсияи Россия Садбарги БОҚӢ иттилоъ медиҳад, дар чунин рӯзҳои душвор ҷиҳати дастгирии чунин табақаи ниёзманд соҳибкорони муваффақи тоҷик бо пайравӣ аз ташаббусҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои наҷиберо рӯйи даст гирифтанд. Аз ҷумла, тӯли ду рӯз аз ҷониби ҷавонмарди ватандӯст, ободкору боҳиммат Убайдулло Шоев барои садҳо донишҷӯи шаҳри Бердск ва Новосибирск, зиёда аз 52 нафар коргарони корхонаи “Кирпичное”-и шаҳри Бердск ва дигар миллатҳои маскуни вилояти Новосибирск маводи ғизоӣ ва воситаҳои беҳдошти гигиенӣ тақсим гардид.
Вақте ки мардум ва халқияту миллатҳои гуногун кумакҳоро мегирифтанд, миннатдорию сипоси онҳоро ҳадду канор набуд. Хусусан ашки шодии модаре, ки аз Ҷумҳурии Қирғизистон буда, бо наберагони хурдсолаш дар Новосибирск кору зиндагӣ мекунад, ба қалбҳо бетаъсир набуд. Ӯ баъд аз хуруҷи ин беморӣ ва эълон шудани карантин ҷойи кори худро аз даст дода, бекор мондааст ва аз чунин амали неки соҳибкор Убайдулло Шоев хушҳол гардида, барои миллати соҳибноми тоҷик, ки чунин фарзандони соҳибхираду саховатпешаро ба воя расонидааст, даст ба дуо бардошт.
Амали неки Убайдулло Шоев дар давраи мушкил барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар аз ҳувияти баланд, тарбияи неку ахлоқи ҳамида доштани фарзандони миллати тоҷик ва бетафовут набудан нисбат ба рӯзгори миллатҳои дигар дарак медиҳад.









Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад






