БӮСТОН: Тақдими кумакҳои Пешвои миллат ба табибону беморон

Май 18, 2020 10:19

ДУШАНБЕ, 18.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 17 май ба як гурӯҳ кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Бӯстон ва беморон кумакҳои моддии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 май тариқи корвонҳои пурбор вориди шаҳр гардида буданд, тақдим карда шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд, зимни тақсимоти маводи мавриди ниёзи аввал, ки бо иштироки роҳбарияти шаҳр сурат гирифт, гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии давлатии кормандони соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ равона намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият ва зиндагии шоистаи онҳо тамоми чораҳоро сафарбар намуда истодааст.

Аз ҷумла, дар ин замина бо иқдоми наҷиби  Сарвари давлат ба табибон ва кормандони тиб, ки баҳри табобати беморони мубталои COVID-19 машғуланд, пардохти семоҳаи музди маоши иловагӣ пешбинӣ гардида,  Пешвои миллат  музди моҳонаи маоши худро ба суратҳисоби махсус оид ба табобати беморони мубталои коронавирус ҷудо намуданд.

Ин навбат бо иқдоми  Президенти мамлакат ба табибон ва беморон кумакҳои моддӣ ва маводи мавриди  ниёзи аввал дастрас карда шуд.

Аз ин ташаббуси наҷиб кормандони тиб ва беморон хушнуд гардида,   ба роҳбарияти олии мамлакат изҳори сипос намуданд.

Май 18, 2020 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!