БАЪД АЗ ПАНДЕМИЯ ЗАМИН БЕҲТАРИН МАКОН БАРОИ ЗИНДАГИИ ИНСОНИЯТ ХОҲАД ШУД. Ҷаҳон барои хотима ёфтани пандемияи COVID-19 даст ба дуо мебардорад

Май 12, 2020 13:52

ДУШАНБЕ, 12.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи олии «Бародарии инсонӣ», ки қароргоҳаш дар Амороти Муттаҳидаи Араб воқеъ аст, аз тамоми мардуми ҷаҳон даъват ба амал овард, ки рӯзи панҷшанбе, 14 май тибқи оини дин, мазҳаб ва таълимоти худ даст ба дуо бардоранд, аз Худованд илтиҷо намоянд, ки   COVID-19-ро  бартараф созад, инсониятро аз ранҷу азобҳои имрӯза наҷот диҳад ва ба олимон кумак кунад, то табобати онро пайдо намоянд ва дунёро аз оқибатҳои тиббӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии пандемияи коронавирус наҷот диҳанд.

«Ҳар яки мо, дар тамоми ҷаҳон, бояд мувофиқи қоидаҳои дин ё эътиқоди худ дуо гӯем ва аз Худованд хоҳиш кунем, ки дунёро аз мусибатҳои умумиҷаҳонӣ наҷот диҳад», — гуфта мешавад дар изҳороти кумита.

Муъминон инчунин бояд аз Худованд илтиҷо намоянд, ки ба олимон равшанӣ фиристад, то онҳо ваксина ё даворо бар зидди беморӣ пайдо кунанд, ки ҷаҳонро аз мушкилоти глобалӣ дар соҳаҳои гуманитарӣ, иқтисодӣ ва тиббӣ наҷот диҳад.

Кумита бо чунин муроҷиат ба пешвоёни мазҳабии саросари ҷаҳон муроҷиат карда, изҳор дошт, ки пас аз рафъи пандемия Замин беҳтарин макон барои зиндагии  инсонҳо хоҳад шуд.

Ин маълумотро Шӯрои уламои Тоҷикистон тасдиқ кард. «Мо низ ин даъватро қабул кардем, онро тасдиқу дастгирӣ менамоем ва 14 май ҳатман дуо мекунем, ки инсоният аз ин беморӣ халос шавад», — гуфт роҳбари Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода дар мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

ДАР АКС: муфтӣ С. Абдуқодирзода

Бояд ёдовар шуд, ки Кумита оид ба татбиқи муқаррароти Эъломия дар бораи бародарии инсонӣ моҳи августи соли 2019 таъсис ёфтааст ва худи эъломия «Бародарии инсонӣ барои сулҳи ҷаҳон ва барои зиндагии якҷоя» 4 феврали соли 2019 зимни сафари Попи Рум Франсис ба Абу-Дабӣ ба имзо расидааст.

Май 12, 2020 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон