COVID-19. Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маркази тиббии зеҳнӣ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба таври фаврӣ расонидани кумаки машваратию маслиҳатӣ ба мутахассисони беморхонаҳои вилоятӣ, шаҳру ноҳияҳо, ки дар самти ташхис ва табобати беморони гирифтор ба коронавирус (COVID-19) фаъолият мекунанд, дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази тиббии зеҳнӣ таъсис дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти вазорат.
Маркази мазкур ба таври мустақим фаъолият менамояд.
Ба ҳайати машваратии ин марказ сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, аз қабили эҳёгарон, пулмонологҳо, сироятшиносон, рентгенологҳо ва эпидемиологҳо шомил мебошанд.
Маркази тиббии зеҳнӣ ҳамарӯза аз соати 14 то 17 ба таври мустақим (он-лайн) фаъолият хоҳад кард ва табибон аз саросари Тоҷикистон метавонанд бо он тамос гиранд.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






