COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 5,8 миллион нафар гардид

Май 28, 2020 17:26

ДУШАНБЕ, 28.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳон шумораи гирифторони навъи нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 106 ҳазору 475 нафар зиёд шуда, ба 5 миллиону 814 ҳазору 593 нафар расид. Ҳамзамон аз ин теъдод то имрӯз 2 миллиону 515 ҳазору 490 кас шифо ёфтаанд ва 357 ҳазору 977 тан вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 746 217 нафар), Бразилия (414 661), Россия (379 051), Испания (283 849), Британияи Кабир (231 139), Италия (231 139), Франсия (182 913), Германия (181 895), Туркия (159 797) ва Ҳиндустон (159 054) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (490 151), Испания (196 958), Бразилия (166 647), Германия (163 200), Россия (150 993), Италия (147 101), Туркия (122 793), Эрон (112 988), Чин (78 288) ва Ҳиндустон (67 929) шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (102 114 нафар), Британияи Кабир (37 460), Италия (33 072), Франсия (28 596), Испания (27 118), Бразилия (25 697), Белгия (9 388), Мексика (8 597), Германия (8 533) ва Эрон (7627) шомил мебошанд.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда,  имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Май 28, 2020 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон