ДАСТИ ДӮСТ. Бо ибтикори бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкати ӯзбекистонӣ ба Тоҷикистон доруворӣ кумак намуд
ДУШАНБЕ, 25.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 24 май аз ҷониби ширкати истеҳсолкунандаи дорувории Ӯзбекистон «Самарқанд-Англия-Эко-Медикал» («Samarkand England Eco-Medical») барои табобати гирифторони бемории сироятии коронавируси COVID-19 ба Тоҷикистон маводи доруворӣ ҳамчун кумак ворид гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
«Кумаки мазкур иборат аз 24 тонна доруворӣ, аз қабили антибиотикҳо, давоҳои пешгирӣ аз оризаҳои гуногун баъди истифодаи антибиотикҳо ва ҳаббҳои сипрофлактсин, телум, амоксатсилин, атсесол, глюкоза, дисол, рингер, метронидазол, флуканол, натрий хлорид ба Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастрас шуда, ба тамоми муассисаҳои тандурустии пойтахт тақсим карда мешавад», — афзуд манбаъ.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои дахлдори пойтахт супориш доданд, ки назорати қатъии истифодаи ин маводи тиббӣ мувофиқи таъйинот ва ройгон барои табобати беморони гирфитори коронавирус ба роҳ монда шавад.
Ёдовар мешавем, ки 9 апрели соли равон бо супориши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус 18 вагон кумаки башардӯстона расонида шуд. Кумакҳои башардӯстона аз 1000 тонна орд, маводи безараргардонӣ, ба монанди воситаҳои антисептикӣ — дезинфексионӣ, хилъатҳои тиббӣ, респираторҳо, айнакҳои тиббӣ, дастпӯшҳо, ниқоб ва пойафзоли тиббӣ иборат буданд.
Ҳамчунин бо супориши Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 8 май гурӯҳи табибони вирусшиноси ӯзбек иборат аз 8 нафар ба Тоҷикистон омад ва ҳамчунин тавассути ҳавопаймое, ки табибонро овард, 10 тонна таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла 10 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ фиристода шуд.
Рӯзи 9 май аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 144 контейнери тиббӣ барои дармонгоҳи сайёри муваққатӣ фиристода шуд, ки дар ҳудуди варзишгоҳи «Бофанда» дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, сарони ҳарду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев 20 май суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо зикр намуданд, ки дар Тоҷикистон ҳодисаҳо дар вилояти Сирдарёи Ӯзбекистонро, ки он ҷо сарбанди обанбори Сардобин рахна шудааст, бо ҳамдардии амиқ пайгирӣ мекунанд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар ин рӯзҳо халқи тоҷик бо дилу ҷон дар паҳлӯи халқи бародари ӯзбек қарор дорад. Зимни суҳбат ҳамчунин Сарони давлатҳо авзои кунунии эпидемиологии минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ намуда, бо ҳамдигар дар бораи вазъяти ду кишвар дар робита ба паҳншавии сирояти коронавируси нав табодули иттилоот намуданд. Дар ин замина, Президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон омодагии худро барои амалҳои муштарак ҷиҳати рафъи ҳолатҳои бӯҳронӣ бори дигар тасдиқ карданд.
Мавриди зикр аст, ки аз рўзҳои нахустини ба қайд гирифтани бемории сироятии коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ дар пойтахти мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида, ба миқдори зарурӣ тамоми муассисаҳои тандурустии шаҳрро бо маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ таъмин менамояд. Ҳамчунин тамоми сохторҳои марбутаи шаҳри Душанбе дар ин рўзҳо ба таври шабонарўзӣ фаъолият намуда, пайваста корҳои безараргардонӣ ва тадбирҳои дигари зиддиэпидемикӣ мегузаронанд.
Дар як муҳлати кӯтоҳ бо ташаббусҳои саривақтии Раиси шаҳри Душанбе дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт беморхонаҳои муваққатӣ бунёд ва шумораи катҳо барои қабули беморон ба маротиб зиёд карда шуд.
Дар маҷмӯъ, дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳифзи саломатии сокинони пойтахт ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, кормандони соҳаи тиб мунтазам аз кумаку дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳраманд мегарданд.
20 май бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони офати табиии Ӯзбекистон кумаки дӯстона интиқол гардид, ки асосан масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, бомпӯш (шифер), рангу мех ва дигар лавозимоти заруриро дар бар гирифт.









Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
«QR-РОҲНАМО». Шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави сайёҳии рақамӣ қадам мегузорад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд






