ДОРУ ПАЙДО ШУД! Сартабиби бемориҳои сироятии ИМА мегӯяд, ки маводи таҷрибавии «Gilead» меъёри табобати коронавирус хоҳад шуд

Май 4, 2020 17:55

ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Танзимгари тиббии FDA-и ИМА истифодаи ремдессивири ширкати «Gilead»-ро бар зидди коронавирус тасдиқ кард. Дар ин бора президент Доналд Трамп ба хабарнигорон иттилоъ дод. Директори Институти миллии аллергия ва бемориҳои сироятии ИМА Энтони Фаукӣ зимни нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед бо иштироки Доналд Трамп гуфт, ки маводи зиддивирусии таҷрибавии «Gilead Sciences Inc» (ремдесивир) меъёри табобат барои COVID-19 хоҳад шуд, зеро тавре натиҷаҳои пешакии озмоишҳои клиникӣ нишон доданд, он ба зуд шифо ёфтани беморони гирифтори коронавирус кумак мерасонад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба «Рейтер».

Натиҷаҳои пешакии озмоишҳои ҳукуматӣ нишон доданд, ки беморони ремдесивирро  истифодакарда нисбат ба нафарони платсебо истеъмолкарда 31 дарсад зудтар шифо ёфтанд. Фаучӣ инро «бениҳоят муҳим» хонд.

«Ин дар ҳақиқат ба таври кофӣ муҳим аст», — гуфт Фаучӣ ба хабарнигорон дар Кохи Сафед.

«Ин як меъёри табобат хоҳад буд», — гуфт ӯ.

Дар навбати худ, директори генералии «Gilead» Даниэлл О’Дэй гуфт, ки ширкати ӯ 1,5 миллион вояи доруро ба беморхонаҳои ИМА хайрия хоҳад кард. Ноиби президент Майк Пенс хабар дод, ки як миллион воя аллакай аз рӯзи душанбе байни беморони бистаришуда тақсим карда мешавад.

«Ин пешрафти муҳими тиббӣ мебошад, ки коҳиши омории назарраси вақти шифоёбии беморони гирифтори COVID-19-ро нишон медиҳад. Ва ин аввалин тасдиқи (дар ИМА, — тав. агентӣ) воситаи табобати COVID-19 аст», — гуфт, дар навбати худ, роҳбари FDA Стивен Хан.

Ёдовар мешавем, ки доруи зиддивирусии ремдесивир замоне дар доираи мубориза бо Эбола таҳия шуда буд, аммо он вақт самаранокии худро собит накард. Баъдтан он дар муолиҷаи сироятҳои SARS ва MERS самараи хуб дод. Ин доруро ширкати америкоии биофарматсевтии «Gilead Sciences» истеҳсол мекунад. Озмоишҳои клиникии дору дар айни замон аз ҷониби гурӯҳи байналмилалии олимон дар беморони вазнин гузаронида мешаванд.

Чанде пеш аз ин ҳафта хабар расид, ки эҳтимол дар ояндаи наздик доруи ремдесивир дар Япония барои табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус тасдиқ шавад. Вазорати тандурустии Россия низ озмоишҳои клиникии ремдессивро анҷом медиҳад.

Май 4, 2020 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид