КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ЭЛЕКТРОНӢ ФАЪОЛ КАРДА ШУД. Хонандагону донишҷӯён метавонанд дар давраи таътил аз он истифода намоянд

Май 6, 2020 14:16

ДУШАНБЕ, 06.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  китобхонаи  махсуси  электронӣ  ташкил гардид, ки  дар фонди он бештар аз 321 ҳазор адабиёт бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва  англисӣ ҷой дода шудааст. Тавре  муовини сардори шуъбаи автоматикунонии  раванди китобдорӣ-иттилоотии Китобхонаи миллӣ Акбари Муҳиддин  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт,  «дилхоҳ хонандае, ки ба шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасӣ дорад, метавонад тариқи сомонаи  www.nlt.tj  китобҳоро дастрас намояд.

Китобҳо дар шакли PDF ҷойгир карда шуда, ҳамзамон метавон дар дохили сомона,  тариқи телефони мобилӣ, ки ба интернет пайваст мебошад, онҳоро мутолиа кард».

Ба гуфтаи  Акбари Муҳиддин, он китобҳое, ки барои мутолиа дар  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тавсия шудаанд, дар китобхонаи электронӣ ҷой дошта,  хонандагон имкон доранд аз дилхоҳ  гӯшаи дунё  онҳоро мутолиа намоянд.

Дар 4 моҳи соли 2020 аз Китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бештар аз  30 ҳазор хонада истифода бурдааст. Шаҳрвандоне, ки ба шабакаи ҷаҳонии интренет дастрасӣ доранд,  баъд аз қайд  гузаштан дар сомона имкони дастрасӣ  ба  беш аз 321 ҳазор  китобро пайдо месозанд. Кормандони шуъба талош доранд, ки  шумораи адабиётҳоро ба фонди китобхонаи электронӣ бештар созанд. Истифодабарандагон  ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ метавонанд ба телефони 37 2210620 (шуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣ-иттилоотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон)  муроҷиат намоянд.

Инчунин  дар Китобхонаи миллӣ шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо фаъолият мекунад, ки метавонад барои аспирантон, унвонҷӯён, магистрантон,  кормандони соҳаи илм ва кормандони мақомотҳои давлатӣ китобҳоро барои мутолиа дар хона ва ҷойи кор ба муҳлати то 14  рӯз пешниҳод кунанд.

Ба иттилои сардори шуъбаи мазкур Гулҷаҳон Асоева,   шуъба  аз оғози сол то кунун ба беш аз 5 ҳазор хонанда тибқи дархосташон 6200 китоб пешниҳод кардааст.  Ҳамзамон шуъба бо китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар робита буда, пайваста ба онҳо  тибқи дархосташон адабиёт ирсол мекунад.

Ёдовар мешавем, ки  бо инобати вазъияти баамаломада барои хонандагону донишҷӯён  то 16 августи  соли 2020 таътили  тобистона  эълон гардидааст.

Масъулони Вазорати маориф ва илм мегӯяд агарчӣ хонадагон дар давраи таътил аз дарсҳо дур бошанд ҳам,  омӯзгорон ба онҳо китобҳои бадеӣ тавсия намудаанд, то ба мутолиаи пайваста машғул шаванд. Тавре  маълум аст,  бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ,  калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  доир мегардад.

Дар давраи таътил хонандагону донишҷӯён имкон доранд ба мутолиаи бештари китоб машғул гардида, ба озмунҳои дар пеш истода  омодагии хуб гиранд.

Хотиррасон менамоем, ки ҳамарӯза дари Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои хонандагон боз буда, барои онҳо  хизматрасонӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба пурзӯр намудани тадбирҳои ҷиҳати пешгири аз паҳншавии бемории корнавирус низоми вуруд ба Китобхона тағйир ёфта,  қабл аз вуруд ҳам кормандон ва ҳам хонандагон аз санҷиш мегузаранд ва сипас бо маҳлулҳои кимиёвӣ дастони худро мешӯянд.

 

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР
АМИТ «Ховар»

Май 6, 2020 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард