«НАВМЕД НАБОЯД ШУДАН АЗ ГАРДИШИ АЙЁМ…». Муроҷиати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Гавҳар Шарофзода

Май 11, 2020 11:36

ДУШАНБЕ, 11.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳамаи мо, ҳамватанони азизу гиромӣ, бояд аз ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ хуб истифода бурда, онро самаранок ва оқилона кор  фармоем, худ ва аҳли хонаводаамонро аз маҳсулоти тару тозаи ватанӣ, ки дорои қуввату тавоноии табиӣ мебошанд, таъмин намуда, тансиҳату солим бошем, то ки беғаму хотирҷамъ тавонем ин балои ба сар омадаро дар ҳар хонаводаи тоҷику тоҷикистонӣ мағлуб сохта, ба нестиҳои бебозгашт гуселонем», — навиштааст зимни як муроҷиати худ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар ШАРОФЗОДА.

Матни нигориши ӯро дар зер мутолиа намоед:

Ин миллати барӯманд дар гузашта тавонист бо кӯмаки фарзандони хирадманду донои хеш мушкилиҳои зиёдеро, ки ба сари мардум ва сарзамин меомаданд, бо оқиливу якдигарфаҳмӣ пушти сар намояд. Имрӯз ҳам дар қатори мардуми олам  кишвари азизамон ба як вабои дигаре дучор омадааст, ки дар сурати деви сиёҳ ба хонадони тоҷику тоҷикистониён сар зада, мехоҳад азизи дилеро аз ин манзил ба коми бало бикашад.

Таърих гувоҳ аст, ки дар гузашта низ бемориҳои вабо, домана, табларза, хурӯсак, гул баровардан ва ғайраҳо дар сарзамини аҷдодиамон доман паҳн намуда, як муддат тавонистанд дар ин майдон худнамоӣ бикунад. Ба шарофати иродаи мустаҳками мардуми азизамон ва якдигарфаҳмии хешу табор, ҳамсояҳо, дӯстон, ки ҳар кадом зуд пушти дари бемор латтаи сурх баста, рафтуомадро дар ин хонадон манъ мекарданд ва ҳамзамон аз ҳоли онҳо як нафар аз ҳисоби пиронсолон ё ҷавоне, ки тарзу усули муносибат ва рафтуоро дар ин ҳолат хуб медонист, ба хонаи бемор пайғом мебурд, бо хӯрок таъмин мекарду аз ҳолашон дар доираи талаботи тиббӣ бохабар мегашт ва рафтуомадро ба роҳ мемонд.

Ба хотири сироят наёфтани наздикони бемор, пиронсолон рафтуомадро ба ин хонадон ё назди бемор қатъ намуда, ба ғайр аз шахси мутассадӣ ба дигарон рафтуомад, ҳатто аёдати беморро иҷозат намедоданд ва мегуфтанд, ки омаду рафт, вохӯриву суҳбат бо бемор пай меафтад, яъне дард дар бадани бемор бо сабаби омаду рафт дер мепояд, пай мемонад, аз бадан рафтан наметавонад.

Аз ин рӯ, дар гузашта ана ҳамон «пай меафтад»-ро мисли «каратин»-и имрӯза истифода мебурданд. Ба хотири сироят наёфтани наздикон ва хешу табор як вақти муайян рафтуомад, аёдати бемор ва суҳбати рӯбарӯ бо бемор манъ карда мешуд, ки сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳи ин гуфтаҳоянд.

Имрӯз ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талош бар он дорад, ки аз ин вабои ба сари оламиён омадаи аср мардуми шарифи Тоҷикистонро ҳифз намуда, як вақти муайян рафтуомад ва ҳамнишиниро бо хешутабор ва наздикон ба хотири нигоҳ доштани саломатии онҳо қатъ намоем. Ин даъвати оқилона ва хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона пазируфта, аз пайи ҳифз намудани саломатии худу наздиконамон бошем.

Ҳарчанд баъди талошҳои зиёд, истодагариҳои шадид кишвари азизу офтобии мо низ мисли дигар кишварҳои рӯи олам ба ин дард печида бошад ҳам, дар дил ҳаросро ҷой додан, ваҳму ноумедӣ кашидан зарурат надорад. Мову шумо вазифадорем дастаҷамъона риояи ғоидаҳои беҳдошти шахсиву гигиениро, ки аз мо талаб карда мешавад, ба ҷо оварда, ҳангоми суҳбат кардан фосилаи байни ҳамсуҳбатамонро нигоҳ дошта, дар доираи талабот дуруст шустани дастон ва пӯшидани ниқобҳои  тиббиро  иҷро намоем, то аз ин бало эмин монем.

Ман умедворам, ки миллати барӯманду фарҳангии тоҷик аз уҳдаи риояи ин талабот ба хубӣ баромада метавонад, зеро пӯшидани ниқоб бори аввал аз ҷониби Абуалӣ Ибни Сино — олим, шоир, мутафаккир ва табиби оламшумули тоҷик ҳанӯз дар замони худ, зиёда аз 1000 сол қабл , пешниҳод гардида буд, яъне ин миллат ҳазор сол қабл низ пеш аз ба назди бемор даромадан ё бо ӯ суҳбат кардан ба хотири сироят наёфтан аз ин бемор  ҳатман ниқоб ба рӯ мекашид. Шустани дасту рӯ, чашму абру ва гӯшу бинӣ бошад  фарҳанги миллии тоҷикон аст, ки дар як рӯз то панҷ маротиба ин талаботро ба ҷо меоранд.

Дар ҳолати бемор шудан ҳам ноумед набояд шуд, зеро табиати  Тоҷикистон    аз ғизоҳои зарурӣ барои узвҳои инсон хеле бой асту мардум метавонад бемориро сабуктар гузаронад.

Ҳоло фасли зебои баҳорро мо дар кишвар пушти сар карда истодаем ва аз табиати биҳиштосои он нафаси рӯҳбахш мегирем. Ҳамзамон, аз растаниҳои шифобахши табиати афсункорамон, ки танҳо дар ин фасл мерӯянд, аз ҷумлаи торон, рошак, ров, чукрӣ, ҷамбилак, ҳолмун ва ғайра барои тоза шудани руҳу ҷонамон, ки он ба саломатии инсон хеле муҳим арзёбӣ шудааст, оқилона истифода намоем, зеро дар гузашта ҳам ниёгони хирадманди мо ин фаслро фасли зиндашавии табиат ва рӯҳу ҷон меномиданд. Дар ин фасл танҳо аз растаниҳои шифобахш хӯрокҳои лазиз мепухтанду ба тану ҷони худ ҷавонӣ, тароват ва неруи нав зам мекарданд. Бояд  зикр намоям, ки истеъмоли  меваҷот, кабудиҳои ватанӣ, растаниҳои шифобахши диёр  бароямон  нерӯи тоза бахшида, бар зидди ин беморӣ беҳтарин даво аст.

Аз ин хотир, ҳамаи мо, ҳамватанони азизу гиромӣ, бояд аз ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ хуб истифода бурда, онро самаранок ва оқилона кор фармоем, худ ва аҳли хонаводаамонро аз маҳсулоти тару тозаи ватанӣ, ки дорои қуввату тавоноии табиӣ мебошанд, таъмин намуда, тансиҳату солим бошем, то ки беғаму хотирҷамъ тавонем ин балои ба сар омадаро дар ҳар хонаводаи тоҷику тоҷикистонӣ мағлуб сохта, ба нестиҳои бебозгашт гуселонем.

                                                                               Гавҳар ШАРФЗОДА,
вакили МН МО ҶТ,
узви  фраксияи ҲХДТ
                                                                           https://www.parlament.tj/

Май 11, 2020 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҳмадалӣ Ватанзода бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия мулоқот намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати парлумони Бундестаг мулоқот доир шуд
Дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии муколамаи байнифарҳангӣ дар Боку конфронси байнипарламентӣ доир шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
«ЗАХИРАҲОИ ОБ ВА УСТУВОРИИ ДЕМОГРАФӢ БА МАНФИАТИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе Форуми байналмилалии парламентӣ доир мешавад
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш баргузор гардид
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд