Шариф Раҳимзода, директори Институти иқтисодиёт ва демография: «Таъсиру пайомадҳои коронавирус ба иқтисоди ҷаҳон аз буҳрони молиявии солҳои 2008-2009 шадидтар хоҳад буд»

Май 15, 2020 16:54

ДУШАНБЕ, 15.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози соли 2020 ҷомеаи ҷаҳониро хатари буҳрони шадиди иқтисодию молиявӣ таҳдид мекунад. Тавре маълум аст, буҳрони мазкур дар натиҷаи сирояти коронавируси намуди нави COVID-19 ба амал омадааст. Яке аз сабабҳои зуд паҳн шудани ин беморӣ ба ҷаҳон алоқаи зичи кишварҳо бо ҳамдигар дар раванди ҷаҳонишавӣ мебошад, ки аз он тамоми иқтисодиёти ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон низ зарар мебинад. Мувофиқи таҳлилу пешгӯии мутахассисону коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, иқтисодиёти ҷаҳон нисбат ба соли  2019 ба таври беназир  коҳиш хоҳад ёфт.

Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода мегӯяд, ки бештар соҳаҳое зарар мебинанд, ки ба самти  хизматрасонӣ дахл доранд, аз ҷумла  сайёҳӣ. Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар соҳаи сайёҳии ҷаҳон беш аз 319 млн. нафар кор мекарданд, ки соли 2020 шояд 90% онҳо ҷойи кори худро аз даст додаанд. Тибқи таҳлилҳо, зарари иқтисодиёти ҷаҳонӣ танҳо аз  соҳаи сайёҳӣ наздик ба 8 триллион доллар  арзёбӣ мешавад. Агар имрӯз маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонӣ тахмин  80 триллион доллар  аст, эҳтимол меравад, ки бештар аз 10% кам гардад.

Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, имрӯз дар Тоҷикистон таъсири коронавирус ба соҳаҳои хизматрасонӣ бештар эҳсос мешавад. Аз ҷумла, ба соҳаи нақлиёти ҳавоӣ,  зеро чандест ҳавопаймоҳои мо парвоз надоранд ва ин соҳа аз даромад мондааст. Соҳаи мазкур бо чандин соҳаҳои дигари хизматрасонӣ, ба монанди марказҳои фурӯши чиптаҳо, ширкатҳои таъминкунандаи нақлиёти ҳавоӣ бо сӯзишворӣ ва хӯрокӣ пайваст мебошад ва  дар ин асос садҳо нафар ҷойи кори худро аллакай аз даст додаанд. Соҳаи нақлиёти рӯйизаминӣ  низ тақрибан бе кор мондааст. Бо қатъ шудани фаъолияти бозорҳои фурӯши либос шояд даҳҳо ҳазор одамон бекоранд. Танҳо дар бозору марказҳои савдои  шаҳри Душанбе  зиёда аз 76000 нафар кор мекунанд, ки ҳоло қисме аз онҳо муваққатан бекоранд. Яъне хоҳу  нохоҳ ин беморие, ки ба сари башарият омадааст, ба рушди иқтисодиёт таъсири манфӣ  мерасонад.

Тавре директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода иброз дошт, агар мо ду моҳ ҳамаи соҳаҳоро мебастем ва намегузоштем, ки мардум кор кунанд, тақрибан 16 млрд. сомонӣ ба иқтисодиёти давлат зарар мерасид. Ин дар ҳолест, ки тибқи нақша соли 2020 бояд маҷмӯи маҳсулоти дохилии мо ба сатҳи 87 млрд. сомонӣ мерасид. Яъне агар мо аз нимаи моҳи апрел то  нимаи моҳи июн карантин ҷорӣ мекардем, пас наметавонистем он маҳсулоти кишоварзиеро, ки имрӯз дар бозорҳои мо фаровонанд,  ба даст орем. Албатта, имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу баррасиҳо хеле зиёд аст, ки чаро мо сари вақт карантин эълон накардем ва нагузоштем, ки иҷборан мардум дар хона бимонанд.  Вале имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хулосае омад, ки одамонро дар хонаҳо маҳкам карда намешавад. Чунки одамон бояд кор кунанд, одамон наметавонанд бе даромад зиндагӣ кунанд,  қисми зиёди ҷомеа онҳоеянд, ки ҳар рӯз як маблағи муайян ба даст меоранд ва харҷи рӯзгорашон аз кори рӯзмарраашон вобастагӣ дорад. Бубинед, новобаста ба он, ки пандемия дар Федератсияи Россия хуруҷ дорад, лекин онҳо маҷбур шуданд, ки иҷозат диҳанд, то мардум бо риояи қоидаҳои муайяни муҳофизатӣ ба кор бароянд. Дар кишварҳои дигари Аврупою Амрико низ ба чунин хулоса расиданд. Мамлакати  Шветсия умуман карантин эълон накард.  Бинобар ин мо бояд ба воҳима дода нашавем ва дар он ҷойе, ки имкон аст, бо дарназардошти таъмини бехатарии он намуди  фаъолият  корро идома диҳем, истеҳсол кунем ва тавонем зиндагии худро дар сатҳи муайян таъмин намоем, —  илова намуд Шариф Раҳимзода.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Май 15, 2020 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 25 миллиард сомонӣ равона шудааст»
Дар Хадамоти гумрук моҳияти қонунҳои миллӣ тавзеҳ дода шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалисозии 9 барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ идома дорад»
Байни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Ленингради Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Раҳмон Исломиддин дар ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Дар Турсунзода Фестивали саводнокии молиявӣ баргузор шуд
Татбиқи тарҳи «CASA-1000» намунаи ҳамкории энергетики минтақавӣ мебошад
Ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷопон баргузор гардид
Байни «Амонатбонк» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ академияи бонкӣ таъсис дода мешавад
Харитаи роҳи Ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман оғоз гардид