СОVID-19. Ҳайати Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим бо намояндагони СУТ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 13.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати Кумита бо намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода бо дарназардошти вазъи пешомада аз намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хоҳиш намуд, ки тавсияҳои худро вобаста ба тартиби дафни шаҳрвандоне, ки бо сабаби бемории сироятӣ мефавтанд, пешниҳод намоянд.
Раиси Кумита иброз дошт, ки хуб мешуд, дар ҷараёни шустани майит ва дафни он ба қадри имкон талаботи фарҳангию мазҳабӣ ба эътибор гирифта шаванд.
«Бо риояи ҳамаи талаботи гигиенӣ дидани рӯи майит, ғусл додан ва дар қабр ниҳодани он аз ҷониби ҳадди ақал яке аз шахсони наздикаш миёни ҷомеаи мо бисёр ҳассос мебошад ва вобаста ба ин мавзӯъ, мо мавқеи Созмонро донистан мехоҳем»,- гуфт Сулаймон Давлатзода.
Ҳамчунин номбурда бо ишора ба он ки теъдоде аз шаҳрвандони мо дар шароити хона табобат мегиранду эҳтимоли фавт низ вуҷуд дорад, хостори тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ вобаста ба тартиби дафни майит дар шароити хона гардид.
Намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Патрик О’Коннор пешниҳодҳои Раиси Кумита Сулаймон Давлатзодаро муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик намояндагони Созмон дар доираи ҳисоботе тавсияҳои худро вобаста ба масоили зикршуда баён хоҳанд кард.
Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ба намояндагони СУТ Патрик О-Коннор ва Олег Стороженка барои талошҳояшон дар роҳи мубориза бо бемории сироятии COVID-19 изҳори сипос намуд.
Патрик О’Коннор низ дар навбати худ ба талошу тасмимҳои Кумита дар роҳи пешбурди корҳои тарғиботӣ ва пешгирӣ аз бемории сироятӣ баҳои мусбат дод.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






