Виктор Ким: «Ман роҳи интихобкардаи Ҳукумати Тоҷикистон – карантини нармро комилан дастгирӣ мекунам»

Май 26, 2020 14:00

ДУШАНБЕ, 26.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар ҷаҳон ҳодисаҳои ғайриодӣ рух дода истодаанд. Ҷаҳон на танҳо тағйир меёбад, балки куллан дигаргун мешавад. Инро бо тайғироте, ки тақрибан ҳар садсола дар ҷаҳон рух медиҳанд, муқоиса кардан мумкин аст. Одатан, тартиботи нави ҷаҳонӣ аз вазъи ором ва устувор ба вуҷуд омада наметавонад, барои он ҳамеша зарбаи шадид дар шакли ҷанг, офатҳои табиӣ ё чизи дигаре ҷой дошт, ки аксари кишварҳои оламро фаро мегирад. Бо фарорасии соли 2020 ҷаҳон ба чунин фалокати пуриқтидор дар шакли пандемияи COVID-19, ки ҳамаи кишварҳои оламро фаро гирифт, дучор шуд. Ҳоло қариб ҳамаи сиёсатмадорон ва коршиносон ба мувофиқа расиданд, ки пас аз пандемия ҷаҳон куллан дигар хоҳад шуд.

Дар ин бора дар мусоҳиба бо муҳаррири бахши русии АМИТ «Ховар» Елена БАТЕНКОВА корманди илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИ Тоҷикистон, раиси созмони ҷамъиятии «Ассотсиатсияи кореягиҳои Тоҷикистон» Виктор КИМ ибрози андеша намуд. 

В. КИМ: — Бояд иқрор шуд, ки ҳоло як вазъи беназире ба вуқӯъ омадааст, яъне пандемияи COVID-19 се моҳи аввали соли равон вазъияти  ҷаҳонро амалан «беэътино» кард, гӯё ки ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро дар як шароити якхела қарор дод ва ҳоло ҳар як кишвар ба таври худ мушкилоташро ҳал мекунад, ки чӣ гуна аз буҳрони эпидемиологии глобалӣ барояд ва гом ба ҷаҳони нав гузорад.

АМИТ «ХОВАР»: — Ба андешаи Шумо, оё аллакай таҷрибаҳое вуҷуд доранд ва  ё кишварҳои ҷаҳон аз пандемия бояд чи гуна сабақҳо бардоранд?

В. КИМ: — Аз рӯи натиҷаҳои аввал метавон хулоса кард, ки аз нуқтаи назари тандурустӣ таҷрибаи мусбат танҳо дар кишварҳои Осиё, аз ҷумла дар Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Япония, Сингапур ва Ветнам дида мешавад. Аз нуқтаи назари сиёсати ҷаҳонӣ, ба назари ман,  танҳо Чин ва ИМА таҷрибаи мусбат хоҳанд дошт, чунки онҳо буҳрони эпидемиологиро барои ҳалли мушкилоти дохилии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии худ истифода намуданд ва ҳар кадоми онҳо роҳи худро барои сафарбар сохтани захираҳои дохилии ҷомеа ва давлат ҷиҳати  пешбурди  сиёсати ҷаҳонӣ интихоб карданд. 

АМИТ «ХОВАР»: — Магар то ин ҳад мушкил аст?

В. КИМ: — Бале, ҳамин тавр. Мушкилии вазъи кунунии ҷаҳон аз он иборат аст, ки то имрӯз муносибати ягонаи мубориза бар зидди пандемияи коронавирус таҳия нашудааст. Дар бораи хотимаи пандемия ва тағйироти наве, ки кишварҳои ҷаҳон метавонанд интизор шаванд, пешгӯихои гуногун карда мешаванд. Ҳамзамон нуқтаи назари устувор ба ҳаёт барҳам мехӯрад, конунҳои дар назари аввал  ногузир ва бунёдӣ, қонунҳои миллӣ, идеологӣ ва ҳатто динӣ, анъанаву арзишҳо  дигар шуда, ҷаҳонбинӣ ва муносибатҳо дар ҷомеа, давлат ва инчунин муносибатҳои байналмилалӣ дар ҷаҳон тағйир меёбанд. 

АМИТ «ХОВАР»: — Тоҷикистон дар чунин вазъияти душвор ва пешгӯинашаванда   чӣ гуна бояд рафтор кунад?

В. КИМ: — Дар мавзӯи пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон бисёр чизҳо гуфта шуданд. Ҳама, сар аз мақомоти давлатӣ то намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар бораи чӣ гуна муборизаи самаранок бурдан бар зидди паҳншавии пандемия дар Тоҷикистон ибрози андеша намуданд. Маслиҳатҳои гуногуни ихтилофноки шаҳрвандони бесалоҳият ҳам ҷомеа ва ҳам мақомоти давлатиро ба иштибоҳ андохта, гумроҳ мекунанд. Дар Чин ҳама чиз одӣ ва возеҳ аст – он ҷо қудрати мутамаркази шадид ҳукмрон мебошад. Дар Тоҷикистон меъёрҳо ва принсипҳои демократӣ риоя мешаванд ва ҳатто дар замони ҷанги солҳои 90-ум риоя мешуданд.

Тавре таҷриба нишон медиҳад, аҳли ҷомеа омода аст барои пешгирии коронавирус тадбирҳо андешад: дастонро пайваста бо собун шӯяд, дар ҷои таъйиннашуда партов напартояд, тозагиро риоя кунад, ашёро дар офтоб хушк кунад, — ин амалҳо барои фаҳмидан ва қабул кардани ҷомеаи Тоҷикистон возеҳ ва маъмул мебошанд. Ягона навоварии табиати муваққатӣ — ин доимо пӯшидани ниқобҳо, рад кардани дастфишории маъмулӣ ва нигоҳдории масофаи иҷтимоӣ  мебошад, ки аҳолӣ онро низ бо дарки амиқ қабул кард.

 АМИТ «Ховар»:  Оё дар ин бобат Шумо  ягон тавсияи иловагие доред?

 В. КИМ: — Ба сифати тавсияҳо метавон инҳоро пешниҳод намуд: 1) ҳамарӯза аҳолӣ дар бораи вазъи эпидемиологии ҷумҳурӣ бо истифода аз ҳамаи васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ҳоло амалан иҷро мешавад, хабардор карда шавад; 2) барои пахш дар барномаҳои радио, телевизион ва интишор дар воситаҳои ахбори омма танҳо тавсияҳои одӣ ва возеҳ барои аҳолӣ дода шаванд: шустани дастҳо ва сӯрохиҳои бинӣ бо собун, чайқонидани гӯлу бо оби гарм, пӯшидани ниқоб, муваққатан даст кашидан аз ҳама намуди истиқболи иртиботӣ, иҷозат додан барои хушк кардани либос дар офтоб дар ҳавои кушод, шустани лифтҳо ва даромадгоҳҳои биноҳо бо маҳлулҳои хлордор; 3) канорагирӣ кардан аз вазъиятҳои низоъ ва мурофиа, боадабона хостани риояи масофа дар ҷойҳои ҷамъиятӣ («Ба ҳамдигар меҳрубон ва ғамхор бошем!»); 4) зарурати эҳёи таҷрибаи  амалии Тоҷикистон «платформаи муколама»-и   ҷомеаи шаҳрвандӣ  – давлат бо ҷалби  чеҳраҳои бонуфуз барои татбиқи ташаббусҳо ва ғояҳои  иҷтимоӣ. 

 АМИТ «ХОВАР»: — Яъне, Шумо маҳдудиятҳоеро, ки дар давлати мо ҷорӣ карда шудаанд, кофӣ мешуморед?

В. КИМ: — Бале, чунин мешуморам. Агар Ҳукумат расман «чораҳои қатъии карантинӣ»-ро бо «гӯшанишинии ҳатмии сартосарӣ» эълон кунад, пас оқибат ба буҳрони иқтисодӣ ва ташаннуҷи иҷтимоӣ метавон мувоҷеҳ шуд. Мувофиқи мақсад мебуд, агар низоми пӯшидани ҳатмии ниқобҳои тиббӣ, риояи масофаи иҷтимоӣ, қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва гигиенаи ҷамъиятӣ нигоҳ дошта шаванд. Таҷрибаи дигар кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки  аз ҳама тадобири асосӣ дар роҳи пешгирии паҳншавии коронавирус маҳз ҳаминҳоянд ва  дар ҳақиқат натиҷа медиҳанд. Дар робита ба ин, ман «карантини нарм»-и интихобкардаи Ҳукумати Тоҷикистонро комилан дастгирӣ мекунам.

АМИТ «ХОВАР»: — Пешгӯии Шумо дар бораи ояндаи Тоҷикистон пас аз пандемия…

В. КИМ:  Медонед, ҳама гуна пешгӯӣ аксаран як кори намешуданӣ ва   беэътимод аст. Агар дар ёд дошта бошед, рушди равандҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият соли 1991 хеле хос  буд ва ба мантиқ рост намеомад, аз ин рӯ то соли 2010 таҳлилгарону коршиносони касбӣ рӯйдодҳои сиёсиро дар Тоҷикистон аз як сол беш пешгӯӣ  карда наметавонистанд. Шурӯъ аз соли 2010 равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон аллакай контурҳои муайяни мантиқӣ касб карда, ба қонунҳои меъёрии муайян тобеъ шуданд.  Ҳоло пажуҳиши  илмии  ҷараёни воқеаҳо  имкон медиҳад, ки рушди равандҳои сиёсиро дар Тоҷикистон аз панҷ то даҳ сол пешгӯӣ кунем.

Агар дар мавриди мушкилоти иқтисодиёт ва гуруснагии озуқаворӣ, ки ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ пас аз пандемия ҷаҳонро таҳдид мекунад,  сухан гӯем, барои Тоҷикистон, фикр мекунам, он қадар  хатарзо нахоҳад буд. Аҳолии Тоҷикистон аз таҷрибаи талхи солҳои 90-ум ҳоло ҳам дар ёд дорад, ки дар давраи буҳрон гуруснагӣ чӣ гуна аст ва дар чунин шароит чӣ гуна кору зиндагӣ кардан лозим аст. Мардум хуб медонад, ки дар чунин давра ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, масъалаҳои ваҳдату ҳамбастагии ҷомеа ва   давлат муҳимтар аст.

Дар асоси ин, метавон гуфт, ки формулаи кунунии низоми сиёсии Тоҷикистон ба субот дар давлат ва ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Май 26, 2020 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАДАФИ АСОСӢ – ДАСТГИРИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мутахассиси Вазорати рушди иқтисод ва савдо шарҳ медиҳад
«МО ҲАМАГӢ МАСЪУЛЕМ, ҲАР ЯКИ МО МАСЪУЛ АСТ!». Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Кодеси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятӣ шарҳ дод
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон аз Норак ва Ёвон боздид намуд
COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 6410 нафар расид
Олимон ҷойҳои ниҳоят хатарноки сироятёбӣ бо коронавирусро номбар намуданд
МАВҶИ ДУЮМИ КОРОНАВИРУС. Дар кадом кишварҳо дубора карантин ҷорӣ карда мешавад?
COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон бо ошкор гардидани беш аз 213 ҳазор ҳолати нав аз 12 миллион нафар гузашт
Cафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз гардид
ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 78,7%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфтанд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Азим Иброҳим ба масъулини ноҳияҳои пойтахт: «Иҷрои корҳо вусъати тоза талаб менамояд»
COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон шумораи гирифторон беш аз 208 ҳазор нафар зиёд гардида, ба 12 миллион наздик шуд