ЁДБУД. Мӯъмин Қаноат — чеҳраи мондагори таърихи адабиёти тоҷик

Май 20, 2020 14:00

ДУШАНБЕ, 20.05.2020. /АМИТ Ховар/. Имрӯз рӯзи таваллуди Устод Мӯъмин Қаноат, шоири ширинкалом, ҳамосасаро ва ходими барҷастаи сиёсӣ, яке аз чеҳраҳои мондагори таърихи Тоҷикистон аст. Агар умр вафо мекард, ӯ имрӯз ба синни мубораки 88 мерасид.

Мӯъмин Қаноат дар рушди адабиёти муосири тоҷик хидмати шоиста ба анҷом расонда, наслҳои гуногуни адибони тоҷик аз эҷодиёти ӯ ғизои маънавӣ гирифта, ба камол расидаанд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим устод Мӯъмин Қаноатро яке аз ислоҳгарони шеъри нави тоҷик ба қалам дода, мегӯяд: «Ӯ аз беҳтарин шоирони адабиёти навини мо буд. Дар таҳаввули шеъри мо ва нав кардани шеъри тоҷик саҳми аввалиндараҷа дорад. Дар солҳои шастум тақрибан тани танҳо ин шеърро нав кард, бисёр заминӣ кард ва аз умумигӯӣ ва ҳарфҳое, ки муносиби шеър набуданд, адабиётро пок кард. Устод як шеъре офариданд, ки муносиби адабиёти ҳазорсолаи мо буд. Чанд нафар шоире тарбия карданд, ки дар оянда кори он касро идома доданд. Аз ҷумла, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва Гулрухсор аз шогирдони Устод Қаноат ҳастанд».

Бархе аз донишмандони тоҷик мӯътақиданд, ки Мӯъмин Қаноат бунёдгузори як роҳи нав дар адабиёти муосири тоҷик аст, ки ин роҳи навро мешавад «мактаби миллат» ном гузошт. Мавсуф дар шеър парастиши миллат, ҳақиқати миллат ва таърихи миллатро замина гузошт ва «мактаби миллат»-ро созмон дод.

Мӯъмин Қаноат соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шуда, соли 1956 факултети филологияи УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст. Чанд сол дар ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Садои Шарқ» кор кард ва дар нашриёти давлатии «Ирфон» низ масъулиятро бар зимма дошт.

Ӯ соли 1968 муовини аввали раис ва аз соли 1978 то соли 1991 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Солҳои баъдӣ Кумитаи сулҳ ва Пажӯҳишгоҳи осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистонро раҳбарӣ менамуд. Солҳои 1996-2000 муовини раиси Ҳаракати «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», солҳои 2001 — 2011 муовини раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ буд.
Риштаи умри ӯ 18 майи соли 2018 дар синни 86 канда шуд.

Нахустин маҷмӯи шеъраш бо номи «Шарора» соли 1960 нашр шудааст. Соли 1977 барои достонҳои «Сурӯши Сталинград» ва «Модарнома» барандаи ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. Зиёда аз 12 маҷмӯаи ашъораш нашр шудааст. Достонҳои «Сурӯши Сталинград», «Мавҷҳои Днепр», «Тоҷикистон – исми ман», «Гаҳвораи Сино», «Масъуднома» ва силсилаи «Созҳои Шероз» аз маъруфтарин осори ӯ дониста мешаванд.

Достони «Мавҷҳои Днепр»- ситоишномаи рӯҳи баланди ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва дӯстии байни миллатҳост, ки он Мӯъмин Қаноатро дар доираи 15 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шӯҳрат бахшид. Достони машҳури «Сурӯши Сталинград»-садои қаҳрамонони зиндаву ҳалокшудаи муҳорибаи Сталинград, навҳаи падару модарони фарзандгумкарда мебошад.

Мӯъмин Қаноат узви вобастаи АУ ҶТ ва чанд дафъа вакили мардумӣ дар Шӯрои олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои олии Тоҷикистон буд.

 

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Май 20, 2020 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад
АЙНИШИНОСЕ ПУРТАЛОШ АЗ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН. Эҳдо ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Дар самти рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
«ДИДОР». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ намоиши мусаввараҳои нодир ифтитоҳ ёфт
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус доир мегарданд
СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУТАЛИ ҚАДИМ. Он таърих ва фарҳанги бостонии халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
Дабири кулли СААД дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд