АМАЛИЁТИ ШАРТИИ «НАВРАС»: милитсияи пойтахт бо наврасону кӯдакон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид
ДУШАНБЕ, 22.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалиёти профилактикию фаҳмондадиҳӣ бо номи шартии «Наврас» амалӣ мегардад. Мақсад аз баргузории он пешгирии оворагардию кӯчагардии ноболиғон, баланд бардоштани савияи ҳуқуқӣ ва огоҳонидани шаҳрвандон аз оқибатҳои бемории коронавируси «COVID-19» мебошад. Вобаста ба ин аз ҷониби хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино дар кӯли «Ҷавонон», ки бо гарм шудани ҳаво наврасону кӯдакон ба оббозӣ машғул мешаванд, рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» доданд.
Гарчанде бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо паҳншавии коронавируси «COVID-19» хонандагон пеш аз муҳлат ба таътили тобистона баромадаанд, то камтар ба берун бароянду саломатии худро аз гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ нигоҳ доранд, вале мутаассифона бархе ноболиғон аз бемасъулиятии волидайни худ истифода бурда, ба кӯчагардӣ махсусан ба оббозӣ дар оби пур аз хошоку макони хатарнок машғуланд, ки ин амалашон метавонад боиси сироятёбӣ ва ғарқшавии онҳо гардад.
Чуноне дар ҷараёни амалиёти мазкур дар кӯли «Ҷавонон» мушоҳида гардид, ҳатто баъзе аз волидайн низ нисбати саломатии фарзандони худ беаҳамиятӣ зоҳир намуда, онҳоро барои оббозӣ ба оби ғализ овардаанд.
Нисбати он нафароне, ки бе истифодаи ниқоби тиббӣ ба гаштугузор ва оббозӣ дар маконҳои хатарноку оби ифлос машғул буданд ва дар ҷараёни амалиёти мазкур мушоҳида гардиданд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамаи ин амалиёту корҳои фаҳмондадиҳӣ танҳо ба хотири ҳифзи саломатии сокинон равона шудааст. Аз ин лиҳоз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон махсусан волидайн хоҳиш менамояд, ки нисбати саломатии фарзандони худ бетафовут набошанд ва нагузоранд фарзандони онҳо ба кӯчагардиву оббозӣ дар маконҳои хатарнок машғул шаванд. Зеро кӯдакону наврасон метавонанд интиқолдиҳандаи беморӣ аз кӯча ба хона гардида, волидайн ва дигар аъзои хонаводаи худро сироят намоянд.








4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст






