Ҳар як шахс бояд қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набарояд

Июнь 6, 2020 10:57

ДУШАНБЕ, 06.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Сокинон бояд хуб дарк кунанд, ки гаштугузор ва баромадани бидуни зарурат аз хона метавонад омили сироятёбӣ гардад. Бинобар ин, ҳар як шахс бояд қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набарояд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ дорад. Ин нукта дирӯз дар ҷаласаи ситоди сайёри назди Раиси вилояти Суғд оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19, ки дар шаҳри Конибодом доир шуд, зикр гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар ҷаласаи ситод роҳбарияти шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардухтурони беморхонаҳо ва раисони ҷамоатҳо ҳузур доштанд.

«Дар ситод таъкид карда шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини солимии ҷомеа аз тамоми имкониятҳо истифода гардида, ба беморхонаҳо маводи зарурии тиббӣ дастрас гардидааст. Новобаста аз ин, бояд дорувориҳои зарурӣ, корҷома, ниқоб ва маводи антисептикӣ иловатан захира карда шавад. Корҳои фаҳмондадиҳӣ низ бояд ҷоннок гардида, раисони ҷамоатҳо ва фаъолон барои пешгирии беморӣ байни мардум ташвиқоту тарғиботро пурзӯр намоянд», — илова намуд манбаъ.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати пурзӯр кардани корҳои безараргардонӣ ва сари вақт бартараф кардани манбаъҳои пайдоиш ва паҳншавии беморӣ дастуру супоришҳо дод.

Дар ҷаласа ҳамчунин ба роҳбарияти шаҳр барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани ғалла, меваи зардолу, иҷро намудани нақшаи кишти картошка, зиëд намудани масоҳати замини шолӣ, таъмини заминҳо бо оби полезӣ, ба роҳ мондани коркарди меваҷот ва фаъолсозии корхонаҳои коркарди мева супоришҳои мушаххас дода шуд.

Июнь 6, 2020 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
Агентии хизмати давлатӣ талаботи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-ро мавриди санҷиш қарор дод
Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 20 июл боқӣ мемонад
Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд
Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида идома доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 106 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак рӯёнида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 47 муассисаи илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
ТАШАББУСИ НАВИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ЭЪМОРИ СУЛҲИ ПОЙДОР. Андешаҳо дар ин маврид
Дар канори роҳи Душанбе–Чанок корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд
Оид ба нақши занон дар низоми адолати судӣ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 37 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор додааст