Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида идома доранд

Июль 17, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 17.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 11-12 июл бар асари бориши шадид дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ сел омада, ба хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, заминҳои кишоварзӣ ва якчанд иншооти муҳими иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ хисороти зиёд расонид.

Дар робита ба ин офати табиӣ 16 июл зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки тибқи арзёбии пешакӣ, дар ин ҳодисаи табиӣ 65 хонаи истиқоматӣ зарар дидааст. Аз ҷумла, дар деҳаи Дарғ 46 хона ва дар деҳаи Каздон 19 хона аз обу лойқа зарар дида, 3 хона дар деҳаи Дарғ қисман ва 1 хона дар деҳаи Каздон пурра хароб гардидаанд.
Инчунин аз 117 иншооти ёрирасон 25 адад пурра хароб шуда, 92 адади дигар зери лойқа мондаанд.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ иброз дошт, ки дар натиҷаи ин офати табиӣ 98 қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 29,07 гектар замини кишоварзӣ, як қисми боғоту кишти картошка, ғалладона, сабзавот ва хӯроки чорво зарар дида, 14 сар чорвои майда талаф ёфтааст.

Инчунин 31,11 километр ҷӯйбору канал, як пули одамгузар, 5 километр хати интиқоли неруи барқ, 23 сутуни барқ, як трансформатор, як зеристгоҳи барқӣ ва 5,2 километр хати оби нӯшокӣ зарар дидааст. Аз 11 воситаи нақлиёти зарардида 7 адад пурра корношоям гардида, 4 воситаи дигар ба таъмири асосӣ ниёз доранд.

«Бо мақсади ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ 5 техникаи махсус ҷалб гардида, корҳои тоза намудани маҷрои сел, соҳилмустаҳкамкунӣ, барқарорсозии роҳҳо, хатҳои интиқоли неруи барқ ва шабакаҳои оби нӯшокӣ бо ҷалби мутахассисону техника идома доранд»,–афзуд раиси кумита.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ҳаҷми зарари расида беш аз 7 миллион сомониро ташкил дод. Ҳаҷми ниҳоии зарар пас аз анҷоми пурраи барӯйхатгирӣ, ҳисобу китоби хисорот ва таҳияи хулосаҳои соҳавӣ муайян карда мешавад.

«Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъро таҳти назорати доимӣ қарор дода, дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти маҳаллӣ ва дигар сохторҳои масъул барои ҳарчи зудтар барқарор намудани инфрасохтори зарардида ва расонидани кумак ба аҳолии осебдида тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд»,–гуфт Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.

Офатҳои табиӣ ҳамасола дар саросари ҷаҳон ба миллионҳо одамон ва иқтисоди давлатҳо хисороти зиёд мерасонанд, ки хавфи онҳоро тавассути тадбирҳои фаъол ва банақшагирӣ коҳиш додан мумкин аст. Бо мақсади пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола маблағҳои назарраси буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷудо менамояд.

Тибқи иттилои Раёсати ҳифзи аҳолии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2026 дар асоси фармоиши Комиссияи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои гузаронидани корҳои пешгирикунанда ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои осебпазири мамлакат беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардид.

Бояд гуфт, ки дар мамлакат «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019–2034» амалӣ мегардад. Ҳадафи ин стратегия коҳиш додани хисороти молию ҷонӣ, таҳкими чораҳои пешгирикунанда ва баланд бардоштани сатҳи омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода мебошад.

Дар асоси таҳлилҳои масъулини соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар офатҳои табиии сел, заминларза ва тармафароӣ ба қайд гирифта мешаванд. Хисороти асосии молию ҷонӣ низ маҳз аз ҳамин навъи офатҳо ба иқтисоди миллӣ ва амнияти аҳолӣ мерасад.

Дар замони муосир тағйирёбии иқлим, зиёдшавии аҳолӣ ва фишори антропогенӣ ба муҳити зист рӯ ба афзоиш буда, офатҳои табиӣ ба яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти инсон ва рушди устувор табдил ёфтаанд. Афзоиши мунтазами шумораи ҳолатҳои фавқулода дар ҷаҳон зарурати густариши ҳамкории байналмилалӣ ва ҷустуҷӯи муштараки усулҳои наву муосир ва механизмҳои нави ташкил ва гузаронидани тадбирҳои огоҳсозандаро тақозо менамояд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 17, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст