БА ХОНАНДАГОН ИЗҲОРИ СИПОС МЕНАМОЕМ! Давоми моҳи май ба сомонаи АМИТ «Ховар» қариб 1 миллион маротиба ворид шудаанд

Июнь 9, 2020 16:22

ДУШАНБЕ, 09.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи майи соли 2020 хонандагон ба сомонаи АМИТ «Ховар» қариб 1 миллион маротиба ворид шуданд, ки ин нишондиҳанда дар  таърихи  сомона баландтарин  маҳсуб ёфта, нисбат ба моҳи декабри соли 2019-ум 305,5% зиёд аст. Маълумот дар бораи воридшавӣ ба сомона аз ҷониби манбаи мустақили «LiveInternet.ru» пешниҳод шудааст.

Тибқи маълумоти манбаъ, шумораи  хонандагони мо аз ҳисоби мардон — 78,0% ва занон – 22,0%-ро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод  ба синни хонандагони аз 18-сола поён — 3,0%,  аз 18 то 24-сола – 34,9%, аз 25 то 34-сола 33,8%, аз 35 то 44-сола – 14,5% ва аз 44-сола боло – 13,8% рост меояд.

Аз сомонаи мо дар зиёда аз 49 давлати ҷаҳон дидан намудаанд. Албатта, дар байни онҳо Тоҷикистон бо — 78,1% бартарӣ дорад. Баъдан  Россия (13,0%), ИМА (1,0%), Қазоқистон (0,9%), Ӯзбекистон ва Қирғизистон (ҳарду бо  0,8%)  номбар шудаанд.

Сохтори гузариш ба саҳифаҳои сомона чунин аст: дохилӣ  – 44,6%, ба воситаи саҳифаҳои иловагӣ – 23,4%, тавассути  шабакаҳои  иҷтимоӣ – 23,1%, тариқи системаҳои  ҷустуҷӯӣ аз сайтҳои дигар – 2,4%.

Мо аз тамоми  меҳмонони сомона ва аз  ҳамаи онҳое, ки навиштаҷоти моро мехонанд ва дар ин самт фаъоланд, изҳори миннатдорӣ менамоем. Ин барои мо як навъ арзёбии фаъолияти хеш буда, моро водор месозад ки дар оянда  боз ҳам хубтар фаъолият намоем.

Ҳамзамон, барои баъзе нуқсонҳои техникии мавҷуда, ки бо назардошти зиёд шудани хонандагони сомона ба миён омада, боиси душвори ба дастнорасии маводҳои он мегарданд, аз тамоми хонандагон  пӯзиш мехоҳем. Ҳоло бо масъули корҳои техникии сомона – ширкати «adMedia» ҷиҳати  интиқоли  сомона ба сервери  иқтидораш бештар   гуфтушунид шуруъ шудааст ва итминон дорем оянда ин мушкили техникӣ бартараф хоҳад шуд.

Бо мо бошед!

Июнь 9, 2020 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид