COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба 8 миллион нафар наздик мешавад

Июнь 15, 2020 08:22

ДУШАНБЕ, 15.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон ба 8 миллион наздик шуда, зиёда аз 435 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Тибқи охирин маълумоти СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 123 783 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 3 258 бемор фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 7 989 586 буда, теъдоди фавтидагон 435 491 мебошад.

Ёдовар мешавем, ки пандемия охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани музофоти Ҳубейи Чин бо ошкор гардидани аввалин ҳолатҳои илтиҳоби шуши пайдоишаш номаълум оғоз ёфт.

31 декабри соли 2019 мақомоти Чин дар бораи ин беморӣ СУТ-ро огоҳ кард.

30 январ СУТ хуруҷи коронавируси навро ҳамчун як ҳолати фавқулодаи тандурустии ҷомеаи байналмилалӣ эътироф намуд.

11 феврали соли 2020 ин маризӣ бемории нави коронавирус (COVID-19) номида шуд.

11 март СУТ хуруҷи сирояти коронавируси нави COVID-19-ро пандемия эълон кард.

 

АКС: Agustin Marcarian / Reuters

Июнь 15, 2020 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон