Дар ноҳияи Муъминобод кишти такрории картошка дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад

Июнь 25, 2020 14:34

ДУШАНБЕ, 25.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияи Муъминобод  дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ 10 ҳазору 930 гектарро ташкил медиҳад, ки иҷрои он дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори идораи кишоварзии ноҳия Ҷумахон Сафаров иттилоъ дод.

Бино ба иттилоӣ манбаъ, дар ноҳия аз аввали моҳи феврал то моҳи июн кишти картошка ба таври марҳилавӣ гузаронида шуда, то имрӯз дар майдони 800 гектар ба анҷом расидааст.

Кишоварзони ноҳия барои самаранок истифода бурдани ҳар як қитъа замини корами обӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, имсол кишти картошкаро то 300 гектар зиёд намудаанд.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишти картошка идома дошта, тухмиҳои хушсифат низ дастрас гардидааст. Кишоварзони хоҷагии деҳқонии ба номи Маҳмадалӣ ҳар сол дар майдони 4 гектар ба таври марҳилавӣ анҷом додани кишти картошка ҳосили фаровон ва даромади хуб ба даст меоранд.

Тавре Ҷумахон Сафаров зикр намуд, дар ноҳия дар заминҳои хоҷагии ёрирасон, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва байни қатори дарахтони боғҳо низ кишти картошка гузарониданд.

Июнь 25, 2020 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд