Дастовардҳои илмии олимони тоҷик дар мубориза бо COVID-19
ДУШАНБЕ, 10.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба коркарди илмии олимони тоҷик дар мубориза бо COVID-19 ҳамоиши корӣ баргузор шуд. Дар ҳамоиши мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода, олимон, масъулини вазорату идораҳо ва дорусозону дорушиносон иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамоишро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонии пандемия ва бемориҳои сироятӣ чун маҳлули гипохлориди натрийи тиббӣ, оби нуқра, дастгоҳи нафаскашии сунъии ёрирасон ва ғайра аз зумраи иқдомҳоест, ки олимони тоҷик онро дар мубориза бо коронавирус роҳандозӣ намуданд.
Ба зикри Фарҳод Раҳимӣ дар ҷумҳурӣ давоми як шабонарӯз ҳадди ақал 10 тонна маҳлули гипохлориди натрий истеҳсол мегардад.
«Дастгоҳи нафаскашии сунъиро низ бо татбиқи дизайн ва каме ороишҳои зоҳирӣ мо метавонем содир кунем. Ҳоло аз 5 ҳазор растаниҳои шифобахш танҳо 132 адади он хусусияти фармокологӣ дошта, имкон аст, ки аз онҳо маводи доруворӣ омода гардад. Бо дарназардошти мавриди коркарди истеҳсолӣ қарор гирифтани растаниҳои шифобахш пешниҳод карда мешавад, ки саноати дорусозӣ дар мамлакат роҳандозӣ карда шавад. Зеро коркарди растаниҳои шифобахш ва пайдо кардани саноати дорусозӣ имкон медиҳад, ки иқтисодиёти ҷумҳурӣ тараққӣ намояд», гуфт президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Ҳамчунин дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» ба боздид ниёз дорад. Аз ҷумла, дар мактабҳои мамлакат ҷорӣ намудани фанни «Тарзи ҳаёти солим» ба манфиат мебошад.










КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






