Эмомалӣ Раҳмон: «Паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ҳаёти миллионҳо нафар сокинони сайёраро таҳти хатари ҷиддӣ қарор дод»
ДУШАНБЕ, 28.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Вақтҳои охир авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ босуръат тағйир ёфта, раванди ҷаҳонишавӣ ва мушкилоту масъалаҳои ҳаёти башарият беш аз пеш печидаву мураккаб гардида истодаанд.
Дар ин робита Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ зикр намуданд, ки дар баробари буҳрони ҷаҳонии иқтисодиву молиявӣ ва таҳдиду хатарҳои муосири амниятӣ, бахусус, терроризм, экстремизми динӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки бехатарии бисёр минтақаву кишварҳои оламро сахт халалдор месозанд, имрӯз мушкилоти экологӣ, яъне тағйирёбӣ ё гармшавии иқлим ва оқибатҳои вазнини он, аз ҷумла хушксолӣ, беобӣ, обхезӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз қабили пандемияи COVID-19 ҳаёти миллионҳо нафар сокинони сайёраро таҳти хатари ҷиддӣ қарор додаанд.
«Дар чунин шароит табиист, ки аҳаммият ва нақши худшиносии миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа ва манфиатҳои давлату миллат беш аз ҳар вақти дигар меафзояд», — илова намуданд Президенти мамлакат.
Ҳамчунин Сарвари давлат изҳори итминон намуданд, ки хурду бузурги кишвар минбаъд низ таҳти парчами истиқлолу озодӣ тамоми кӯшишу талоши худро ба хотири пешрафти давлат, ободии Ватан ва осоиши ҳар як фарди мамлакат сафарбар месозанд.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






