ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон шумораи сироятёфтагон аз COVID-19 ба 4289 нафар расид
ДУШАНБЕ, 04.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. То соати 18: 20 дақиқаи 4 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4289 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2401 (56%) нафар шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, шабанарӯзи гузашта 98 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шуда, шумораи фавтидагон бетағйир – 48 нафар боқӣ мемонад.
Инчунин, то 4 июн дар мамлакат 1418 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 202 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.
Бояд гуфт, ки барои таъмини беморхонаҳо бо доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои худмуҳофизатӣ алайҳи мубориза бо бемории мазкур зиёда аз 45 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷет ва дигар ташкилотҳо ҷудо карда шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.








Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд






