ХАБАРИ ФАВРӢ! Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 54 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд

Июнь 30, 2020 18:55

ДУШАНБЕ, 30.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 54 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то 30 июн дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 5954 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 4568 (76,7%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 256 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 62 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Июнь 30, 2020 18:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ХАБАРИ ФАВРӢ. Дар Тоҷикистон 77%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфтанд
COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 10,5 миллион нафар гузашт
САҲМИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ ДАР ПОЯГУЗОРИИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон
COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 5900 нафар расид
Пешвои миллат: «Ифтихор мекунем, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои аҳолиаш ҷавонтарини дунё ба ҳисоб меравад»
COVID-19. Шумораи қурбониёни коронавирус дар ҷаҳон беш аз 500 ҳазор нафар шуд
Президенти Тоҷикистон: «Ваҳдати миллии тоҷикон саҳлу осон ба даст наомадааст»
COVID-19. Дар Тоҷикистон 76%-и гирифторони ин беморӣ шифо ёфтанд
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ СУЛҲОФАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РОҲИ РАСИДАН БА ОН. Мулоҳизаҳои ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва одамони касбу кори гуногун дар суҳбати баргузидаи АМИТ «Ховар» доир ба ин мавзӯъ
Президенти Тоҷикистон: «Шарти муҳимтарини хушбахтии инсон – зиндагӣ дар Ватани орому осуда ва ободу зебо мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ҳаёти миллионҳо нафар сокинони сайёраро таҳти хатари ҷиддӣ қарор дод»
COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 5799 нафар расид