«Нақши Ваҳдати миллӣ дар ҷомеа ва адабиёти тоҷик»- андешаҳои Рустам Ваҳобзода дар барномаи «Адиб ва замон» аз радиои «Ховар»
ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ, расидан ба Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии кишвар аст. Маҳз ба василаи Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистааст имрӯз ба сифати яке аз кишварҳои осоиштаи ҷаҳон шинохта шавад. Ҳангоме ки халқи тоҷик Истиқлолияти давлатиро ба даст овард, зарур буд як ваҳдати созгору созандае ба миён ояд. Натиҷаи ҳамдигарфаҳмӣ ва баҳамоии миллати тоҷик буд, ки чунин ваҳдат ба даст омад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд.
Доир ба ҳамин мавзӯъ шоир, сармуҳаррири маҷаллаи «Садои шарқ» Рустам Ваҳобзода дар барномаи «Адиб ва замон»-и радиои «Ховар» изҳори андеша менамоянд.
Барномаи «Адиб ва замон»-ро имрӯз соати 10:30, (такроран 14:30, ва 21:30), инчунин рӯзҳои шанбе ва якшанбе соатҳои 10:30 (такрор 21:30) ва 07:30 аз радио «Ховар» бишнавед. Муҳаррир ва ровии барнома Шабнам Шокирзода.