Натиҷагирӣ аз фаъолияти Маркази машваратии хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19
ДУШАНБЕ, 10.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9 июн бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти Маркази машваратии хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID -19 дар назди раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» Абдулло Раҳмонзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зимни ҷаласа Абдулло Раҳмонзода ҷиҳати анҷом додани корҳои назарраси Ташкилот дар давраи пандемия, ташаббусу иқдомҳои волонтёронро дар роҳи мубориза ва пешгирӣ аз коронавирус, ташкили аксияҳои тарғиботӣ, флешмобҳои гуногун дар ҷумҳурӣ, таҳияи маводҳои видеоӣ, намоиши барномаҳои гуногуни онлайнӣ ва таҳияи маводҳои тавсиявиро муҳим арзёбӣ намуд. Аз ҷумла номбурда фаъолияти густурдаи Маркази машваратии хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID – 19- ро дар давраи ҳассос саривақтӣ ҳисобида, барои пешбурди ин кор ба ҳайати волонтёрони Ташкилот изҳори сипос гуфт.
Қобили қайд аст, ки «Маркази машваратии хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID – 19 дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон, шаҳри Турсунзода (барои минтақаи Ҳисор) ва дар ноҳияи Рашт (барои минтақаи Рашт) фаъолият намуда, тавонист дар муддати кӯтоҳ ба ҳазорон нафар шаҳрвандони мамлакат маслиҳату машварат ва кӯмакҳои иҷтимоии яквақтаина расонад. Ҳоло Маркази машваратии хизматрасонии волонтёрон фаъолияти худро дар шаҳрҳои Москва, Краснодар, Новосбирск, Йошкар – Ола, Белгород, Пенза ва Красноярски Федератсияи Россия низ дар заминаи маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» ба роҳ монда, аъзоёни маҳфил ба он ҷалб карда шудаанд.








Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд






