Оғози ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд

Июнь 5, 2020 15:10

ДУШАНБЕ, 05.06.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Давоми ду ҳафта аст, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ оғоз гардидааст.

Мудири шуъбаи растанипарварии Сарраёсати идораи кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода  иттилоъ дод,  ки имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят иҷрои корҳои саҳроӣ, чун ҷамъоварии сабзавоту мевагиҳо, дарави ғалладонагиҳои хӯшадор ва хошок, инчунин ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ бомаром ҷараён доранд.

Тибқи иттилоъи манбаъ, кишоварзон баҳри саҳм гузоштан  дар фаровонии бозори дохилӣ ва арзон гаштани нархи аслии маҳсулот дар моҳҳои январ ва феврал дар 1300 га замини хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои иқлимашон нисбатан мусоиди вилоят, чун Конибодом, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Спитамен, Зафаробод, Мастчоҳ, Исфара ва Ашт картошкаи барвақтӣ кишт намуданд.

Ду ҳафта боз ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Конибодом, Ҷ.Расулов, Зафаробод оғоз гардида, то 5 июн зиёда аз 80 тонна маҳсулот  ҷамъоварӣ гардидааст.

Дар маҷмӯъ, дар чаҳордаҳ шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд картошка парвариш карда шуда, майдони бештари кишт дар ноҳияҳои Деваштич, Панҷакент, Истаравшан, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон ҷойгир мебошад.

Соли равон масоҳати кишти картошка дар вилоят ду маротиба афзун гардида, он дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 3 ҳазору 462 гектарро ташкил медиҳад.

Июнь 5, 2020 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад