Оғози корҳо дар майдонҳои пахтаи вилояти Суғд
ДУШАНБЕ, 04.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳо дар майдонҳои 7 ноҳияи пахтакори вилояти Суғд — Ашт, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен ва Зафаробод кишти пунбадона ба анҷом расида, кишоварзон вобаста ба имкониятҳои мавҷуда ва ҳавои мусоид дар майдонҳои пахтазор ба коркарди байни қаторҳо, ягонакунӣ ва пошидани доруҳои минералӣ машғуланд. Ҳамзамон деҳқонон баҳри эмин нигоҳ доштани зироати пахта аз касалӣ ва ҳашароти зараррасон коркарди кимиёвӣ ва биологӣ гузаронида истодаанд.
Дар ин бора аз Сарраёсати идораи кишоварзии вилояти Суғд ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Соли равон пахтакорони вилояти Суғд баҳри афзун намудани ҳосили «тиллои сафед» майдони кишти пахтаро ба беш аз 60 ҳазор гектар расонида, азм доранд бо иҷрои саривақтии корҳои саҳроӣ ҳосили хуб рӯёнанд.
Имсол дар майдонҳои пахтазори хоҷагиҳо беш аз 15 навъи тухмии пунбадона, аз ҷумла, тухмиҳои маҳаллии «Хуҷанд-67», «Ориёӣ» ва «Ирам-1» ва тухмиҳои воридотии хориҷӣ, аз қабили чинии «Синтзян» ва «Тиннян», туркии «Флеш» ва «Глория» кошта шуданд. Ҳоло нашъунамои ниҳолҳо хуб буда, пахтакорони вилоят нақша доранд имсол низ беш аз яксаду сӣ ҳазор тонна «дурри гаронбаҳо» ҷамъоварӣ намоянд.
Соли гузашта пахтакорони Суғд дар 57 ҳазор гектар чигит кошта, ба ҷойи 129 ҳазору 50 тонна дар маҷмӯъ 140 283 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намуданд.
Акс аз бойгонӣ








Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд






