Пешвои миллат: «Ифтихор мекунем, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои аҳолиаш ҷавонтарини дунё ба ҳисоб меравад»

Июнь 29, 2020 11:01

ДУШАНБЕ, 29.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ зикр намуданд, ки ҷавонони ватандӯсти мамлакат дар ҳимояи дастовардҳои истиқлол, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва ободонии сарзамини аҷдодӣ нақши бисёр арзишманд доранд.

Пешвои миллат бо ифтихор иброз доштанд, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои аҳолиаш ҷавонтарини дунё ба ҳисоб рафта, синни миёна дар он 24 солро ташкил медиҳад ва саҳми ҷавонон ҳамчун неруи созанда дар пешрафту ободии мамлакат ниҳоят арзишманд мебошад.

«Ба хотири тарбияи кадрҳои замони нав аз байни наврасону ҷавонон мо рушди илму маориф, бахусус, илмҳои табиӣ ва риёзиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон кардем, — тазаккур доданд Президенти мамлакат. — Чунки ояндаи ободи Тоҷикистон аз рушди илмҳои зикршуда вобаста аст ва пешрафти кишвар дар дасти кадрҳои замони нав, яъне мутахассисони сатҳи баланди касбӣ мебошад».

Июнь 29, 2020 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид