ПОЙДОРИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ РУШДИ БОСУБОТ. Мулоҳизаҳои сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед дар суҳбат бо АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 26.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Табиист, ки дар лаҳзаҳои ҳассосу мураккаби ҳаёт пешрафти ҷомеаро инсонҳои дорои ғановати бузурги маънавӣ, ахлоқӣ ва зеҳнӣ таъмин менамоянд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳои фарзона ва дилсузу ғамхори миллатанд, ки бо камолоти маънавӣ ва нури фазлу дониш роҳи моро дар вазъияти басо мураккабу мудҳиш, рӯзҳои ноумедиву тираву тор равшан сохтанд ва бо ҷоннисориву азхудгузаштанҳо оташи ҷанги таҳмилиро хомӯш карданд, миллатро муттаҳид ва сулҳро дар сарзамини тоҷикон истиқрор бахшиданд. Бо эҳтиром ба арзишҳои давлатдории аҷдодонамон давлати миллии тоҷиконро бунёдгузорӣ намуданд, ки асоси идеалогияи онро равнақи худшиносии миллӣ ташкил медиҳад, тазаккур дод сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Дилшоди ҶАМШЕД дар суҳбат бо АМИТ «Ховар».
— Дар асл ин рисолати таърихӣ барои ҳар насли миллат ифтихори бузург аст.
Дар шароити феълии ҷаҳон, ки вазъият то рафт мураккаб мегардад, таъмини субот ва осиштагии иҷтимоӣ дар тамоми ҷаҳон аҳамияти муҳим дорад.
Парокандагӣ, гуруҳбозӣ, маҳалгароӣ ва рақобату адоват, ки зери таъсири идеалогияи ҳаракатҳои террористиву экстемистӣ нақшакашӣ шудаанд, халқу миллатҳои гуногунро нобуд сохта истодааст.
Албатта, солҳои 90-уми асри гузашта миллати тоҷик дар асоси васвасаву макру дасисаи сиёсатбозони ғаразхоҳ, ки миёни фарзандони миллати тоҷик таҳрезӣ ва таҳмил ёфта буд, бо садҳо азобу азият ва қурбониву машаққат ба гирдоби ҷанги таҳмилӣ кашида шуд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ин тарҳи хонумонсуз барои нестии миллати тоҷик амалӣ мегардид.
Барои миллати тоҷик, ки бар асари ихтилофоти гуногун ва таъсири ҷанги таҳмилӣ пароканда шуда, давлатдории хешро аз даст дода буд, идеалогияи ватандустӣ ва ваҳдати миллӣ идеалогияи аз ҳама асосӣ ба шумор мерафт.
Масъалаи барои халқи тоҷик ҳаётан муҳим – ба даст овардани ризоияти миллӣ, ваҳдат ва сулҳу салоҳ дар мадди аввал гузошта мешуд.
Маҳз ҳамин идеология — асоси барномаи фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалиӣ Рахмонро ташкил додааст.
Дар ҳошияи ҳамин идеологияи ваҳдатгароӣ дар рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба сифати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам”. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ гарм намуда, умеди дубора бахшид.
Дар бораи ахамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон гуфтаанд: “Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавкулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расми истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас ин Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт”. Ин падида дар ҳаёти маънавии мардуми кишвар фазои ҳамдилиро ташаккул дода, оғози гардиши куллӣ дар хаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии халқи тоҷик гардид.
Вақт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон ба мо муяссар гардид.
Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва неруҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Зарур ба таъкид аст, ки дар зери мафҳуми “миллат” бояд танҳо ягонагии этникӣ, яъне ваҳдати танҳо тоҷикон фаҳмида нашавад, балки ваҳдати тамоми сокинони кишвар новобаста аз мансубияти миллию динӣ дар назар дошта шавад.
Дар муддати бисту се сол, ки аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мегузарад, Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид. Вале барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар рӯхияи ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан, аз зарарҳои ифротгароӣ, маҳалгароӣ, мансабпарастӣ бохабар кардан, вазифаи муҳими ватандории тамоми чомеа, махсусан, роҳбарони самтҳои гуногун маҳсуб мешавад.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо аз мактаби сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон доираҳои илмӣ ва фарҳангии кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ таҷриба омӯхта, ба он ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмиллалӣ баҳои баландро медиҳанд.
Аз ин рӯ, арзиши олие, ки новобаста аз мансубияти миллию динӣ метавонад тамоми миллатҳо, гуруҳу ниходҳо ва неруҳои иҷтимоиро дар кишвар ба ҳам бипайвандад, ин фазои оромиву осуда ва зиндагии тинҷу беолоиши сокинони кишвар аст.
Вахдати миллӣ хамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шахрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффакиятҳои назарраси сиёсӣ, иктисодӣ, ичтимоӣ, илмӣ ва фархангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст.
Моро зарур аст, ки ба қадри тинҷиву амонӣ бирасем ва дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, нагузорем як “нафарак” ё чанд “нафараке”, ки бо тинати ғаразноки худ имрӯз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити ахбори омма аз хориҷи кишвар хусумат ва таассуб меварзанд, ба сулҳу ваҳдати мо халал расонанд.
Таҳкими сулҳу ваҳдатро, ки асоси суботи ҷомеа ба ҳисоб меравад ҳамчун рисолати инсонӣ ва шаҳрвандии худ шинохта, бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва муҳббати фарзандонаи худ ба Ватану миллат аз сари сидқу садоқат содиқ бошем.








НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Сарфарозгардонии Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар пояи 35-солагии истиқлолият – рамзи пайванди илму сиёсат барои ояндаи устувор
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО FAO. Дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидаанд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзавот дар фасли баҳор ва тобистон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст
ИСТИҚЛOЛИ ДAВЛAТӢ ВA РУШДИ ДAВЛAТДOРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шаҳноза Ахмедова: «Рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии давлат, миллат ва фарҳанг аст»
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд






