ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Парвозҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Туркия кай барқарор мешаванд?
ДУШАНБЕ, 10.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Туркия тасмим гирифтааст, ки дар моҳи июн парвозҳои ҳавоиро бо 40 кишвар, аз ҷумла бо Тоҷикистон барқарор намояд. Чанд нафар хонандагони сомонаи АМИТ «Ховар» вобаста ба дурустии барқароршавии парвозҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Туркия дар моҳи июн саволҳо ирсол доштаанд.
Дар робита ба мавзӯъ, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумити Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба АМИТ «Ховар» чунин посух дод:
«Ширкати туркии «Turkish Airlines» шояд чунин тасмим гирифта бошад, вале дар Тоҷикистон барои парвозҳо ҳанӯз дастури расмӣ нест. Доир ба барқарор намудани парвозҳои байналмилалӣ бояд ичозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад».
Ёдовар мешавем, ки парвози ҳавопаймоҳо аз сабаби пандемияи ҷаҳонии коронавируси нави COVID-19 қатъ гардидаанд. Да робита ба ин, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш менамояд, ки аз харидории чиптаи ҳавопаймо то нашр гардидани изҳороти расмии мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон вобаста ба барқарор шудани хатсайрҳои мунтазами ҳавоӣ худдорӣ намоянд.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






