«Роспотребнадзор» нақшаи амалиёти муштараки кишварҳои ИДМ-ро дар муқовимат бо сироят таҳия хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 02.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои ҳамоҳангсозии ИДМ оид ба ҳифзи санитарии ҳудудҳо дар ҷаласа доир ба муқовимат ба паҳншавии сирояти коронавирус таҳияи нақшаи муштараки тадбирҳоро барои кишварҳои ИДМ бобати пешгирӣ ва назорати бемориҳои сироятӣ баррасӣ намуд. Дар ин бора рӯзи сешанбе дар сомонаи «Роспотребнадзор» иттилоъ дода шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Марҳилаҳо бобати татбиқи қарорҳои ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ (29 май баргузор шуда буд), аз ҷумла оид ба таҳияи нақшаи миёнамуҳлати амалиёти муштараки кишварҳои аъзои ИДМ дар мубориза ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ баррасӣ гаштанд. «Роспотребнадзор» лоиҳаи ҳуҷҷати рушди иқтидори аҳлонаи муқовимат бо эпидемияро омода намуда, ба шарикон пешниҳод хоҳад намуд.
Возеҳ аст, ки дар ҷаласа таҳти раисии «Роспотребнадзор» намояндагони идораҳои дахлдори Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, ҳамчунин Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо ширкат намуданд. Дар ҷараёни конфронси видеоӣ инчунин чораҳои зиддиэпидемиявӣ дар кишварҳои ИДМ, ки барои паст намудани паҳншавии сироят равона шуда буданд, муҳокима гардиданд. Ҳамзамон зикр гардид, ки вазъи эпидемиологӣ оид ба коронавирус дар қаламрави Авруосиё мӯътадил гаштааст.
Таъкид гардид, ки «Роспотребнадзор» бо шарикони кишварҳои аъзои ИДМ ҳамкории худро дар самти мубориза бо коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ бо мақсади эҷоди низоми ягонаи вокуниш ба ҳолатҳои изтирории санитарию эпидемиологӣ дар минтақа давом хоҳад дод.
АКС аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






