Рустами Эмомалӣ қарор дар бораи таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоати шаҳри Душанберо ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 30.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дар бораи таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоати шаҳри Душанберо ба имзо расониданд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва равобити хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Карори мазкур бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» ба имзо расидааст.
Тибқи Карори мазкур, муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Сарраёсати молия, Раёсати тандурустӣ ва шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор маблағгузории хароҷоти маъмурӣ ва пешбурди коргузории механизми таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоиро ба роҳ монанд.
Инчунин, дар Карор дарҷ гардидааст, ки бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ, таъмини шаффофият дар раванди муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони дар асл камбизоат ҷиҳати таъйин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ тадбирҳо андешанд.
«Аз ҳисоби сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ оид ба иҷрои саривақтии қарори мазкур ва пурра фаро гирифтани оилаҳои камбизоат ва механизми расонидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма ва ҷалби фаъолони ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешанд», — гуфта мешавад дар қарори Раиси шаҳри Душанбе.








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






