Таҳти роҳбарии муовини Сарвазир ҷаласаи Гурӯҳи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» доир гардид

Июнь 30, 2020 19:00

ДУШАНБЕ, 30.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ҷаласаи Гурӯҳи роҳбарикунандаи  байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣтехникӣ ва омўзиш»-и назди Ҳукумат доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба вазорат.

Дар ҷаласа муҳимияти татбиқи Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар манотиқи гуногуни мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Директори Лоиҳаи мазкур Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода оид ба вазъи кунунӣ ва раванди татбиқи он дар нимсолаи аввали сол гузориш дод.

Мавсуф зикр намуд, ки ҳадафи Лоиҳа ба тақвияти амалигардонии ислоҳот дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ ва омӯзиши муассисаҳои давлатии таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба касбҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир нигаронида шудааст.

«Лоиҳа дар таҷдиди методологияи таълим, барқарорсозии заминаи моддиву техникӣ, дастрасӣ ба омӯзиши босифат, инчунин тақвияти  идоракунии низоми сохтор равона гардидааст. Дар рафти амалисозии Лоиҳа таҳияи стандартҳои салоҳиятнокӣ ва роҳҳои баҳогузории тахассусҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ дар назар дошта шудааст», — тазаккур дод Г. Ҷабборзода.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки фаъолияти  Лоиҳа дар масоили гендерӣ, фарогирии занону духтарон ба курсҳои омӯзишӣ аз рӯйи ихтисосҳои ғайрианъанавӣ, касбҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир, омӯзиши инклюзивӣ ва  бо кортаъминкунии  хонандагон нигаронида шудааст. Инчунин дар раванди татбиқи Лоиҳа муҷаҳазгардонии заминаи техникии Муассисаҳои таҳсилоти касбии вазорат низ дар назар мебошад.

Бино ба маълумоти Г. Ҷабборзода, барои фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ дар татбиқи методологияи таълим дар асоси салоҳият вазорат дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор бо ҷалби мушовирони Лоиҳа якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия намуда, ба омодасозии мутахассисон вобаста ба талаботи воқеии бозори меҳнат ва расидан ба ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саноатикунонии босуръати иқтисодиёти миллӣ равона шудаанд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки яке аз қисматҳои Лоиҳа ин ташкил ва баргузории сафарҳои омӯзишӣ барои роҳбарон, омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии литсейҳои касбии техникӣ ҷиҳати табодули таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар самти методологияи таълим дар асоси салоҳияти касбӣ, шарикии соҳавӣ, низоми нави идоракунӣ ва баҳодиҳӣ буда, татбиқи он дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва омӯзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷаласа ҳамчунин аъзои Гурӯҳӣ корӣ – масъулини вазорату идораҳои дахлдор оид ба иҷрои бандҳои протоколи ҷаласаи қаблӣ гузоришҳои хешро манзур намуданд.

Дар фарҷом муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ҷиҳати  иҷрои саривақтии нишондодҳо, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта  ва татбиқи босамари  Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Июнь 30, 2020 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
«Centrum Air» парвозҳои мустақимро дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд ва Самарқанд-Душанбе-Самарқанд оғоз менамояд
Тоҷикистон ва Қирғизистон теъдоди парвозҳои мунтазам ва хатсайри автобусҳоро афзоиш медиҳанд
Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Қирғизистон Шурои корӣ таъсис дода мешавад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад