ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ СУЛҲОФАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РОҲИ РАСИДАН БА ОН. Мулоҳизаҳои ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва одамони касбу кори гуногун дар суҳбати баргузидаи АМИТ «Ховар» доир ба ин мавзӯъ

Июнь 28, 2020 09:34

ДУШАНБЕ, 28.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Биноан, ҳамасола ин рӯз дар саросари мамлакат ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Ваҳдати миллӣ, тавре дирӯз Пешвои миллат, Презиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ тазаккур доданд,  ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати баланд дорад.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат барои мустаҳкам гардидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи осудагии кишвар, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ, рушду тараққиёти давлат ва ободии Тоҷикистон талош менамояд.

Доир ба Ваҳдати миллӣ ва нақши сулҳофаронаи Пешвои миллат дар роҳи расидан ба он ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва одамони касбу кори гуногун дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» мулоҳизаҳои хешро чунин иброз доштанд:

Низорамоҳ ЗАРИПОВА, ходими намоёни давлатию ҳизбӣ, нафақахӯр:  

— Дар давраи ҷанг вазъият вазнин буд. Он шабу рӯз 25 000 кӯдак ятим ва 50 000 зан бе шавҳар монданд. Бисёр ҳодисаҳои аз ин бадтар, куштору хунрезиро ба чашм дидам. Умеди онро дорам, ки он рӯзҳои даҳшатбор дигар ба сари мардум тоҷик наоянд.

Роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба замони басо мушкили мамлакат рост омад. Дар он рӯзгор, ки шӯълаи ҷанги шаҳрвандиро ҳар лаҳза бештар меафрӯхтанд, зимоми давлатдорӣ ва раҳнамунии миллатро касе ҷуз Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда  нагирифт. Мардум аз валангор шудани гирду атроф ва гушнагиву бесарусомонӣ ба дод омада буданд. Роҳбарони пештара роҳи гурезу халосӣ меҷустанд, рӯзе набуд, ки мардум ба назди дари роҳбарони собиқ наомадаву эътироз накарда бошанд.

Вақте ки Эмомалӣ Раҳмон ба сифати роҳбари давлат интихоб шуданд, дар ҳақиқат меҳнат карданд. Беҳуда дар урфият намегӯянд «каҷ шину рост бугӯ» ба ростӣ хуб меҳнат карданд, ки Ваҳдати миллӣ ба даст омад, сулҳу амонӣ шуд, файзу баракату нон пайдо шуд. Мардум низ давлатро зери қанот карда дастаҷамъона меҳнат карданд. Ҳоло ҳастанд баъзе нафарон, ки мегӯянд замони Шуравӣ нағз буд. Бовар кунед чизе набуд. Пешравии давлат аз роҳ аст, давраи шӯравӣ роҳ байни шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ набуд.  Ёд дорам, дар 40-солагии Республика дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 9 моҳ халқ ба таври ҳашар роҳи автомобилгард кушоданд, ки то Кӯлоб расид.

Аз ин рӯ, он нафароне, ки надониставу надида сухан мекунанд, қобили қабул нест. Шукрона, пас аз чанд соли мудҳиш, бо шарофати Сарвари давлат ва заҳмату ҷонбозиҳояшон роҳҳо кушодаву мардум сарҷамъ шуда, гурезаҳо ба Ватан баргаштанд. Барои ҳамин таърихи навинро ҷавонони имрӯза бояд донанд, ки Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро аз сар гузаронид ва агар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати роҳбар интихоб намешуданд, шояд мардуми тоҷик ба ин рӯзи хубу хуш намерасид.

Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА,  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:  

— Ваҳдат яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад, ки бидуни он арзи ҳастӣ намудани дилхоҳ давлат ва миллат имкон надорад. Аз ин ҷост, ки Ваҳдатро рукни асосии ҳастӣ ва пойдории ҳар як давлат ва миллат арзёбӣ менамоянд. Маҳз Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт ва зиндагии шоистаи мардуми ҳар як давлату миллат таъмин карда мешавад. Дар маҷмуъ, рушду пешрафти дилхоҳ давлатро бидуни Ваҳдат тасаввур намудан имкон надорад.

Пас аз ба даст овардани Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави давлатдорӣ ворид гардид. Дар мамлакат сулҳу оромӣ  ва рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаётман муҳим фароҳам гардида, заминаи воқеии устуворӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон таъмин гардид.

Дар ин росто, таъкид намудан ба маврид аст, ки дар он замони ҳассос ва душвор саҳми фарзанди фарзонаи миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба Ваҳдати миллӣ ноил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бағоят бузург аст. Инак, 23 сол мешавад, ки кабутари Ваҳдат дар фазои софу беғубори кишвари азизамон дар парвоз мебошад.

Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардида, ҳамчун як кишвари мустақил ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи олам шинохта шуд.

Соҳаи тандурустии мамлакат низ дар ин давра ба пешравиҳои бузург ноил гардида, баҳри таъмини хизматрасонии босифати тиббӣ аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида шуд. Маҳз бо талошу кушишҳои пайвастаи Роҳбарияти олии кишвар соҳаи тандурустии Тоҷикистон бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ таъмин гардида, ҳамзамон,  усулҳои муосири ҷарроҳӣ ва табобат дар соҳаи тибби мамлакат  ҷорӣ карда шуданд.

Дар маҷмӯъ, он ҳама дастовард ва пешрафту муваффақиятҳое, ки соҳаи тандурустии мамлакат то имрӯз ба даст овардааст, маҳз самари Ваҳдати миллӣ, иттиҳодиву сарҷамъӣ ва  фазои  орому осудаи кишвари азизамон ба шумор мераванд.

Дар замони имрӯз, ки хатарҳои гуногун сулҳу оромии давлатҳои оламро халалдор менамоянд, мо шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки Ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, баҳри боз ҳам устувор нигоҳ доштани он аз пештара бештар кӯшишу талош намоем.

Идигул ҚОСИМЗОДА, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон:

 — Рӯзи Ваҳдати миллӣ – ҳамчун рӯзи муқаддас ва санаи таърихиву сарнавиштсози баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил, асоси рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон ба шумор меравад, ки ҳар як фарди Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзӣ бояд аз ин дастоварди нодир ифтихор дошта бошанд. Зеро дар сарзамине, ки ҷангзада буду бародар хуни бародарашро мерехт ва нобовариву ноумедӣ руҳияи инсониро фаро гирифта, ин сарзамини ҳамешабаҳор ба як боғоти харобаву хазонгашта табдилёфта буд, барқарор намудани пояи сулҳу ваҳдат, оромиву осоиштагӣ ғайриимкон буд.

Маҳз бо шарофати ҷонбозиҳои хастанопазири фарзанди фарзонаву бохирад, оқилу ҷонсупурдаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 дар ин сарзамини биҳиштосо субҳи умед дамида, ба ҳадди бузург пояҳои Ваҳдат мустаҳкам гашта, барои боварӣ ба ояндаи нек устуворӣ бахшид.

Дар ин замина мо тавонистем бо муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ, таъмин кардани ризоияти ҷомеа, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишварамонро ҳифз кунем ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистонро дар пояи бахшишу сулҳу оштӣ Ваҳдати миллиро таъмин намоем.

Халқи тоҷик асолати фитрӣ ва рисолати таърихии худро ба ҳам оварда, аз имтиҳони сангини таърих гузашт, аз гирдоби бало раҳоӣ ёфт. Имрӯз миллати баваҳдатрасида ин суботу осудагии ватанро болотар аз ҳама манфиатҳо гузошта, онро ба ягон арзиши дунёӣ иваз намекунанд. Зеро барои онҳо Ваҳдат ин муқаддастарин ва нодиртарин меваи шаҳдбори даврони истиқлолият, суботи ҷомеа, сарҷамъӣ ва амнияти сарзамини аҷдодист.

Хушбахтона, дар он рӯзҳои гирудори бесару сомониҳо, занону модарон ба унвони такягоҳ ва оромишдиҳандаи хонавода нақши муҳиме бозида, баҳри расидан ба Ваҳдати миллӣ талошҳо намуда ва Ваҳдати ҷовидониро ба даст оварданд.

Пойдории Ваҳдати миллӣ аз бисёр ҷиҳат ба иродаи солим, дилу нияти пок, хираду заковат ва заҳмати пайвастаи модарони мо барои дар руҳияи бузурги меҳнатдӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳифзи марзу бум, инчунин омӯзишу эҳтироми таъриху фарҳанги ғании ниёгон тарбия кардани фарзандон вобаста аст.

Маҳз модар фарзандро дар руҳияи таҳаммулпазирӣ, ватандустиву меҳанпарастӣ тарбия менамояд, ки ин ҳама хислатҳои асосии ташаккулёбии ваҳадати саросарии миллиро ташкил медиҳанд. Занон олитарин нақши созандаро ба унвони ҳамсар, духтар ва модар дар чархи зиндагӣ ифода менамояд. Таърихи куҳанбунёди мо қаҳрамониҳои занонеро дар хотир дорад, ки дар шуҷоат ҷасорат на камтар аз мардон буданд, балки ба гунаи модару ҳимоятгар, кадбону ва шаҳбоную сарлашкар ҷонбозиҳо карданд.

Раҷаббой АҲМАДЗОДА, Раиси вилояти Суғд:  

— Ваҳдати миллӣ дар сарнавишти миллат ва мардуми тоҷик баробари истиқлолият арзиш ва аҳамияти беназирро соҳиб аст.

Нақши Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар муттаҳид намудани ҳамватанон ва аз хатари нобудӣ наҷот бахшидани давлати навини тоҷикон бағоят бузург буда, он ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии мамлакат бояд ҳамеша мавриди омӯзиш ва арҷгузорӣ қарор дода шавад. Зеро маҳз Ваҳдати миллӣ нақшаи душманони миллати тоҷикро, ки мехостанд бо дасти зархаридону хоинон фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми кишвар ба таври иҷборӣ таҳмил намуда, низоми осоиштаи давлатдориро тағйир диҳанд, барбод дод ва барои таҳкими давлат заминаи мусоид фароҳам овард.

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи наверо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангии мамлакат оғоз бахшид. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки  бар асари ҷанги шаҳрвандӣ талафоти фаровони  моливу ҷонӣ дида, аркони иқтисодиву иҷтимоии он хароб гардида буданд, дар сароғози даврони навини таърихии давлатдории хеш ба буҳронҳои шадиди сиёсӣ рў ба рў гардид. Дар чунин марҳилаи сарнавиштсози таърихӣ буд, ки бар асоси сабақҳои андўхта аз таҷрибаҳои таърихии гузаштагони худ заминаҳои мувофиқ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам иқтисодиву иҷтимоӣ фароҳам омада, ҷомеаи моро ба сўи созандагиву бунёкорӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёд тамоюл бахшид. Талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифта, то ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ расиданд,  офтоби пурбаракоти сулҳу ваҳдатро барои тоҷикистониён чун неъмати худовандӣ ато овард.

Ҳосили талошҳои роҳбари сулҳофар ва меъмори ваҳдати миллати тоҷик Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари эҷоди равобити густардаи Тоҷикистон бо мамолики олам дар ҷаҳони муосир сулҳи тоҷиконро ҳамчун таҷрибаи бузургу мондагори давлатдорӣ муаррифӣ сохт. Ҳосили ин эътирофи мақоми сиёсӣ ба он анҷомид, ки сулҳи тоҷикон аз ҷониби сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳони муосир баҳои баланд гирифта, ҳамчун сабақи равшани таърихӣ ва таҷрибаи тоза дар таҳкими суботу оромиш ҷойгоҳе муайян дарёфт. Дар баробари ин, дар симои Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти мубашшири воқеии сулҳ ва меъмори ваҳдатро шинохтаву барои ҷаҳони муосир муаррифӣ намуданд, ки воқеан ин санади ифтихор баҳри тамоми мардуми тоҷик ва тоҷикистониён маҳсуб меёбад.

Расидан ба ваҳдати миллӣ дар марҳилаи нави таърихӣ дар Тоҷикистон, ки ба талошу пайкор ва корномаҳои бузургу бемисли Пешвои муаззами миллат такя мекунад, ҳосили сабақгирӣ аз дарси сарнавишти таърихии тоҷикон низ маҳсуб мешавад. Маҳз, эътиқоду эътимод ба ибтикороти таърихии давлатмардону абармардони миллати тоҷик ва такя ва қудрату тафаккури зеҳнӣ ва маънавии тоҷикон, ки ба фитрати олии инсонии ин миллати созандаву бунёдкор пайванд мегирад, ба Пешвои миллати тоҷик нерў ва эътимоди бузург бахшид, то ҳанўз дар минбари иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон башорате аз расидани сулҳи деринтизор ба сарзамини Тоҷикистон диҳанд ва бо ҳиммати баланди инсонӣ аз миёни он гирудорҳову сангарҳои хунрез сулҳ, оромиш, ваҳдату ҳамдилӣ ва ягонагиро барои тамоми миллати воҳиди мо ваъда намоянд. Ҳамин эътиқод ва боварии тамом буд, ки миллати моро аз парешонии навбатии таърихӣ наҷот бахшида, роҳи ормонҳои маънавии тоҷиконро дар марҳилаи нав муқаррар намуд. 

Саттор ТУРСУН, Нависандаи халқии Тоҷикистон:  

— Инак,  зиёда аз 20 сол аст, ки мо дар домани сулҳу осоиштагӣ ва Ваҳдати миллӣ  зиндагӣ дорем. Чархи зиндагӣ гардон асту талошу кӯшиш дар роҳи бунёдкорию созандагӣ боз ҳам бештар эҳсос мегардад. Ин ҳама дигаргуниҳои рӯзгор ва пешрафту комёбиҳои бадастомада бо шарофати тинҷию амонӣ ва сулҳу осоиштагӣ миллати тоҷикро насиб гардидааст.

Имрӯз  воқеан мардум ба Ваҳдати миллӣ расидаанд, онро  ба хуби дарк мекунанд ва ҳастии чунин як арзиши миллиро муҳим медонанд, зеро бе ваҳдат ҳатто дар хонавода ҳам наметавон ба комёбие ноил гардид.

Дар  урфият мегӯянд аз инсон кори неку номи нек боқӣ мемонад. Оё сарҷамъ кардани як миллате, ки муддати кутоҳ ҳам бошад роҳгумзада буд, кори хайр нест? Албатта кори хайрест, ки он барои пешрафти ҷомеа, тарбияи ҷавонон, рушди иқтисоди Ватан, фарҳанги миллӣ ва тамоми бахшҳои дигар замина мегузорад.

Аз як ҳолати бисёр шадид берун овардани миллат худ қаҳрамонист. Ин  қаҳрамонӣ ва ин ҷонфидоиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он айёми хеле сахту сангин тавонистанд, ки барои халқу Ватан  бо ҷасорату мардонагӣ ба иҷро расонанд. Мардум низ паҳлӯи Роҳбари давлат истода, аз ҳар суханаш руҳу илҳом гирифтанд,  фаҳмиданд ва дарк намуданд, ки ин кашмакашҳо ба вайрониҳо мерасонанд, хонаҳо вайрон мешаванд, тақдирҳо парешон мегарданд, иқтисод мекоҳад, он, ки кост, сатҳи таълиму тарбия ҳам паст мешавад.

Аз ин лиҳоз, Ваҳдати миллӣ ин як неъмати бузург аст. Мо бояд шукргузорӣ кунем, донем ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем, ки КИҲО дар ин роҳ чӣ гуна хизматҳо карданд. Албатта тавре гуфтем хизмати Президенти муҳтарами мо, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт бе ягон гуфтугӯ, бе ягон баҳс хеле бузург аст, зеро ҳамчун меъмори хирадпеша, сулҳҷуву сулҳдӯст Ваҳдати миллиро бунёд гузоштанд ва мардуми парешонгаштаи тоҷикро ба ҳам оварданд. Дар ҳақиқат ҳамин ҷаҳду талошҳои хастанопазир буд, ки Ваҳдат дар Тоҷикистон  тантана кард ва мардум ба рӯзҳои хуш расиданд.

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА, мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони МО ҶТ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон:

— Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин дастоварди давлатдории халқамон мебошад, ки тамоми пешрафту тараққиёт, комёбиҳову муваффақиятҳои Ватани азизамон ва рӯзгори пурсаодати мардуми шарифи Тоҷикистон аз он маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, бо гузашти солҳо аҳамият ва мақому манзалати ин рӯйдоди сарнавиштсози миллати куҳанбунёди тоҷик боз ҳам баланд мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ваҳдати миллӣ ва таҳкиму мустаҳкам намудани истиқлолияти давлатӣ машаққати зиёдро аз сар гузаронида, борҳо ҷон дар хатар гузоштанд, то ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ва давлати Тоҷикистон аз вартаи таназзулу маҳвшавӣ раҳоӣ ёфта, сулҳу субот, тинҷию амонӣ дар кишвар поянда бошад.

Бо ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» дар Тоҷикистон барои рушду нумӯи мамлакат дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар заминаи мусоид муҳайё гардид. Имрӯзҳо кулли сокинони мамлакат зери ливои сулҳу ваҳдати миллӣ дар фазои орому осудаи кишвари биҳиштосоямон фаъолият мекунанд ва сарбаландона умр ба сар мебаранд.

Мавриди ёдоварист, ки аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2000-ум дар ҷаҳон Соли байналмилалии фарҳанги сулҳ эълон карда шуд ва боиси ифтихору сарбаландии ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпарасти Тоҷикистони азиз аст, ки дар ин иқдом таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон низ ба эътибор гирифта шудааст.

Гузашта аз ин, соли 2002-юм дар шаҳри Душанбе ба муносибати панҷсолагии «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» вобаста ба таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон ва истифодаи он дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон Конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, инчунин дигар созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуданд. Онҳо таҷрибаи сулҳофаринии тоҷиконро дар ҳалли муноқишаҳои сиёсӣ падидаи нодир арзёбӣ намуданд ва барои дигар кишварҳову минтақаҳои ҷангзада ҳамчун намуна барои татбиқ тавсия доданд.

Мӯҷиби сарафрозист, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби роҳбарон ва сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳони муосир баҳои баландро сазовор гаштааст.

Президенти Федертсияи Россия Владимир Путин, вобаста ба сиёсати сулҳоварии Сарвари давлати тоҷикон навиштааст: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Тамоми кӯшишҳои ӯ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳу осоиш ҳамоно амиқтар реша меронад ва дар қиёс ба нуқтаҳое, ки вазъияташон муташанниҷ аст, ин комёбӣ ба худ назир надорад. Он чӣ дар Тоҷикистон ба амал меояд ва рух медиҳад, барои бисёр халқҳо ва мамлакатҳо намунаи ибрат аст». Президенти Ҷумҳурии Сенегал Абдулло Вад чунин гуфта буд: «Тоҷикон халқи хушбахтанд, зеро Парвардигор ба онҳо чунин марди оқил ва дурандешеро ба ҳайси сарвар ва пуштибон додааст. Таҷрибаи сулҳофаринии ӯ дар таърихи инсоният нодир аст».

Собиқ Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан қайд намудааст: «Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд».

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ, қариб 20 сол мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҷомеаи ҷаҳонро вобаста ба об дар чаҳорчӯбаи рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш мебарад. Маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон гардида, барномаҳои «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Боиси ифтихор аст, ки пешниҳоди навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» имрӯзҳо аз ҷониби ҷомеаи умумибашар амалӣ мегардад.

Эътироф ва арҷгузорӣ бояд кард, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҷомеаи адолатпарвар, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир ва нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо бахшиданд ва дар рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон хизматҳои бузургу арзишманд намуданд.

Хизматҳои пураризшу қаҳрамононаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999, таҳти №923 бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд. Ҳамзамон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» (аз 14-уми ноябри соли 2016, таҳти №1356) қабул гардид ва ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Бинобар ин, мо халқи шарафманду сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ, ки неъмати беназиру бебаҳо буда, моро ба сулҳу осоиштагӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ расонид, бирасем ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошему ба халқу Ватан содиқонаву садоқатмандона хизмат намоем.

Нусратулло ЗОКИРЗОДА, мудири кафедраи фалсафаи назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон: 

— Моҳияти фалсафии “ваҳдат”, ба маънои пойдорӣ ва таҳкими ҷомеа далолат мекунад. Аз лиҳози фарҳангшиносӣ бошад, “ваҳдат”- ягонагии тамоюлҳои арзишӣ ва ҷаҳонбиниҳо мебошад. Аз дигар ҷониб, агар мо ба маънои васеъ назар кунем, пас ваҳдати миллиро метавон он раванде ҳисоб намуд, ки дар он муайян намудан ва рушди ҳадафҳо, стратегияҳо, манфиатҳо ва арзишҳо, ки дар асоси танзими нишондодҳои (менталитет, арзишҳои ахлоқӣ, таърихиву фарҳангӣ), ки аз ҷониби ҷомеа ва давлат қабул шудааст, роҳандозӣ мегардад. Ҳамин тариқ, моҳияти раванди ваҳдати миллӣ, интихобест, ки барои ташаккули ба ҳам омадан ва ба ҳам наздик шудан оварда мерасонад, ки он натиҷаи фаъолияти якҷояи афроди ҷомеа мебошад.

Чуноне медонем, раванди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо назар ба дигар ҷумҳуриҳои собиқи шўравӣ бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохира ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Хушбахтона, фарҳанги бузурги тоҷикона ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз гуноҳи якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт, сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Паёми табрикӣ ба муносибати сеюмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, дар таърихи 26 июни соли 2000, чунин гуфта буданд: “Баъд аз муқовимати шадид ба даст овардани боварию эътимоди тарафайн ва ҳосил шудани созишу якдигарфаҳмӣ, ба хотири ояндаи давлату миллат, далели қобилияти суннатии тоҷикон дар роҳи миллатсозию ватандорӣ мебошад. Чунин таҷрибаи дар як фосилаи кӯтоҳ ва бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намудани ҷанги гражданӣ дар ягон кишвари дунё то ҳол ба назар нарасида буд. Мо аз ин беандоза фахр мекунем, ба халқи хеш таҳният мегӯем, вале дар айни замон бояд як чизро ҳаргиз фаромӯш накунем: сулҳ неъмати бебаҳотарин аст ва ҳифзу пойдории он вазифаи ҳаётан муҳим ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини мо истиқлолияти Тоҷикистонро боз ҳам устувор гардонд, нури умед ба дили мардум роҳ ёфт, Ҳукумати ҷумҳурӣ имконият пайдо кард, ки татбиқи Барномаи иқтисодиро густариш диҳад.”

Дар ин замина бояд зикр намуд, ки маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуктаҳои калидие буданд, ки истиқлолияти давлатиро таҳким бахшиданд ва роҳро барои бартараф намудани рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар кушоданд. Инчунин сулҳ имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шуда, тамоми гурезаҳо ба Ватан баргардонида шаванд ва як заминаи воқеӣ барои ҷомеаи амну субот дар кишвар муҳайё карда шавад.

Ваҳдати миллӣ дар ваҳдати ҷомеа, қишрҳои гуногуни ҷомеа, намояндагони гуногуни этникӣ ифода меёбад, ки дар асоси манфиатҳои умумимиллӣ, арзишҳо ва гузаштаи таърихӣ инъикос мегардад. Як нуктаро бояд қайд намуд, ваҳдати миллиро дар ҷомеаи мо ба маънои васеъ бояд дарк намуд. Ваҳдати миллӣ на танҳо ваҳдату иттиҳоди танҳо тоҷикон, балки намояндагони тамому халқу миллатҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ё ба истилоҳ тоҷикистониён мебошад.

Аз ин рў, ба назари мо чанд омили калидие ҳастанд, ки метавонанд ба таҳкими ваҳдати миллӣ тақвият бахшанд, аз ҷумла:

  1. Пеш аз ҳама барои таҳкими ваҳдати миллӣ дар ҷомеа, сиёсати давлатӣ нақши муҳим мебозад, ки дар он рушди ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифаткунонии ҷомеа, инчунин ҳамкориҳои зичи ниҳодҳои давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият ёбанд. Аз ин рў, моро зарур аст, ки муносибати зич ва созандаи институтҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро рушд диҳем, ки ин метавонад барои амалишавии сиёсати давлатӣ ва аз он ҷумла амалишавии ислоҳотҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мусоидат намояд. Албатта аз ҷониби давлат ҳамаи ин корҳо дар барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд.
  2. Назари амиқ ба омўзиши таърихи миллат. Огоҳ шудан аз таърихи миллати тоҷик, бурду бохтҳое, ки дар тўли таърих ниёгони мо кардаанд, аз қаҳрамониҳои фарзандони барўманди тоҷик ибрат гирифтан барои насли имрўз зарурист. Ин буд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар таърихи 26.12.2019 омадааст: “Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд”.
  3. Баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ҳуввияти миллӣ, ки ин пеш аз ҳама аз дарки худшиносии фардӣ шурўъ мегардад. Дар ин замина бояд нерӯи фарҳангӣ, арзишҳои фарҳангиву миллӣ ва маънавии миллат тақвият дода шаванд. Олими фаронсавӣ Эрнест Ренан гуфта буд, ки “Миллат – ин ҳамрайъии (ҳамовозии) бузург аст”. Дар ҳақиқат ваҳдати миллӣ қисмати муҳимми эҳёи миллӣ, принсипи асосии рушди миллӣ ва давлатдории миллӣ мебошад.
  4. Бунёди роҳҳо заминаи воқеии таҳкими ваҳдати миллӣ. Имрўз дар ҷумҳурӣ роҳҳои нав бино ёфтаанд, ки минтақаҳои ҷумҳуриро ба ҳам мепайванданд, рушди савдои дохилӣ, махсусан маҳсулоти кишоварзӣ ва сохтмонӣ ба роҳ монда шудааст. Ин омилест, ки шаҳрвандони минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро боз ба ҳам наздик карда, фазои солими муносибаҳои гуногун ва ҳамдигарфаҳмиро эҷод иенамояд.
  5. Донишгоҳҳо, донишкадаҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ – пайвандгар ва муттаҳидкунандаи ҷомеа. Дар муассисаҳои олӣ ва дигар муассисаҳои маориф ҷавонони мо аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар паҳлўи ҳам истода таҳсил менамоянд, ки он заминаи воқеии ҳамгироӣ ва таҳкимбахши ваҳдати миллат ба шумор меравад.
  6. Шаҳри Душанбе – шаҳри сулҳ ва маркази муҳимми ваҳдатофарин. Таҷрибаи таърихии аксари миллатҳо ва давлатҳои ҷаҳон муайян намудааст, ки шаҳрҳои бузург дар раванди миллатсозӣ, давлатсозӣ ва ваҳдати миллӣ нақши калидӣ мебозанд. Имрўз шаҳри Душанбе, пойтахти азизи кишвари мо ба маркази муҳимми ҳамгироии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Инчунин дар Душанбе дар солҳои охир чорабиниҳои гуногуни минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баргузор мегарданд, ки нишона аз сулҳу осоиштагӣ ва оромӣ дар кишвар аст.

Қиёмиддин МИРАЛИЁН, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон: 

— Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар – Тоҷикистони азиз маҳсуб ёфта, нақши бузургеро дар сарҷамъии миллат, пойдории давлат гузошта истодааст. 27-уми июни соли 1997 – рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, санаи оғози саҳифаи нави таърихӣ, санаи саодат ва якдилии миллати тоҷик ва дигар халқиятҳои Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Хотирнишон мекунем, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо роҳнамоии душманони хориҷӣ ва бадхоҳони давлату миллат бо истифода аз фурсати барояшон қулай солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ташкил гашта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 150 ҳазор қурбонӣ боқӣ гузошта, тахминан, 1 миллион гуреза ва муҳоҷирони иҷборӣ зарари моддӣ ва маънавӣ дидаанд. Зарари иқтисодии ин ҷанг дар ҷумҳурӣ зиёда аз 10 миллиард доллари америкоиро ташкил дод.

Созишномаи мазкур барои ин миллату давлат хеле арзишманд аст, зеро дар чунин лаҳзаҳои ниҳоят вазнину фоҷиабор мардуми Тоҷикистон ташнаи сулҳу оромӣ ва қатъи ҷангу хунрезӣ буданд. Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ва баргузор гардида, роҳбарияти навинтихобшудаи давлат масъулияти вазнини ба эътидол овардани вазъи мамлакатро ба дӯш гирифт.

Дар раванди музокироти тӯлонӣ, ки зиёда аз чил моҳ дар кишварҳои гуногуни олам идома доштанд, роҳбарияти давлат чил санади муҳимро ба имзо расониданд.

Ҳамин тариқ, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва гиромидошти Ваҳдати миллӣ аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамчун омили муҳимтарини рушди ҷомеа доимо арзёбӣ мегарданд. Яке аз ҳадафҳои ҲХДТ расидан ба қадри ин неъмати бузург – Ваҳдати миллӣ мебошад.

Ҳамагон, бахусус, ҷавонон бояд зираку ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки душманони миллат дигарбора ҳадафҳои нопоки худро амалӣ карда тавонанд. Аз ин лиҳоз, моро мебояд, ки аз воқеаҳои мудҳиши солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки бо дасти душманони хориҷӣ тарҳрезӣ гашта буданд, сабақ омӯзем, боэҳтиёт бошем, ба доми худфиребон наафтем.

Мо набояд фориғбол бошем. Барои мо доимо бояд ду чиз сабақ бошад: ҷанги таҳмилии шаҳрвандию оқибатҳои он ва ё идома доштани ҷанги шаҳрвандии 42-солаи ҳамсоякишвари мо – Афғонистон. Ҳар гоҳе сангпартоиҳои хоинон, ки пеш омад, мо бояд аввал андеша кунем. Давлати хешро  мо худ месозем. Бошад ки оқиливу заковати солим моро роҳнамо ва аз гирдоби хоинону роҳгумон нигоҳ дорад ва ваҳдати моро поянда гардонад.

Таври маълум, Рӯзи Ваҳдати миллӣ имсол дар шароите ҷашн гирифта мешавад, ки давлати мо низ дар қатори дигар давлатҳои дунё бар зидди хатарҳои бемории коронавирус мубориза мебарад. Чунин вазъу ҳолатҳо бояд моро аз пештара дида фаъолтару муттаҳидтар гардонад.

Пешрафту ободии мамлакат, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, бешак, ҳама аз самараи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ аст.

Хушбахтона, тӯли 23 соли Ваҳдати миллӣ зери роҳбарии Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар миқёси дунё ба таври шоиста муаррифӣ гардид ва ташаббусҳои Сарвари давлат дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби кишварҳои олам ҷонибдорӣ пайдо карданд.

Бемуҳобот, чеҳраи хандону хушбахтии ҳар хонадони Тоҷикистони азиз аз самараи Ваҳдати миллист.

Хайём БЕГАЛИЗОДА, ёрдамчии Прокурори ноҳияи Ишкошими ВМКБ:

— Дар тӯли 23 сол Ваҳдати миллӣ дар мамлакати мо решаи мустаҳкам давонда, боровар гардид, вале барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро дар назар гирифтан, тарбияи кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ ҳифзи он аз зарарҳои ифротгароӣ, маҳалгароӣ, мансабпарастӣ, вазифаи муқаддаси ватандории тамоми ҷомеа, махсусан роҳбарони самтҳои гуногун маҳсуб мешавад.

Бояд садоқатмандона ва боифтихор гуфт, ки нақши Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар таъмини сулҳи деринтизори мо, ризоияти миллӣ, ривоҷи ҷунбиши пуриқтидори халқӣ чун Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон равшан гардида буд, имрӯз ин амали боҳамоӣ чун қутбнамои фаъолияти ҳамагон эътироф шудааст ва эътибори қавӣ пайдо намудааст.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи мустақили шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои андаке бошад ҳам, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Дар ин масир шахсе лозим буд, ки ғамхори халқу миллат бошад. Хушбахтона, чунин шахсияти мунаввар ёфт шуд. Он чеҳраи нуронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахси дар кӯраи ҳаёт обутобёфта, дар назди хосу ом обрӯю эътибори зиёд доштанд. Ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда, давлатҳои ташкилшудаи тоҷикон рӯ ба завол монда буданд, дар тӯли бештар аз ҳазор сол миллати тоҷик гарчанде рӯ ба завол ниҳода буд, аз маҳшавӣ эмин монда буд, то ба истиқлолияти милливу давлатӣ омада расид.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Ин сулҳбоварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд.

Айни замон Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо карда, пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол то сол қавитар мегарданд. 

Аминҷони АБДУРОЗИҚ, корманди КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе:  

— Мутаассифона, дар солҳои 90-уми қарни гузашта халқи бофарҳанги тоҷик  аз дасти баъзе нотавонбиноне, ки ҳамеша дини мубини исломро ба хотири манфиатҳои хеш истифода намудаву мардумро ба гумроҳӣ бурдаанд, басо ҷафоҳо кашидааст. Ин нотавонбинон ба хотири манфиатҳои шахсии хеш сулҳу ваҳдат ва якдилии оммаро халалдор намуда, ҳамчун саҳифаи сиёҳ дар таърихи Тоҷикистон боқӣ мондаанд. Хушбахтона, бо савияи кордонӣ, талошҳо ва ҷоннисориҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанги хонумонсӯз дар музокирот бо гурӯҳҳои мухолифин бо роҳи сулҳ ба охир расида, гуноҳи онҳо бахшида шуд. Аммо чун замон нишон дод, онҳо ҳанӯз ҳам ислоҳ нашуда, ба хотири манфиатҳои шахсии хеш тайёранд боз ин кишвари соҳибистиқлолро ба коми оташ бикашанд. Зеро  онҳо табиати ақрабро доранду  муқтазои табиаташон чунин аст.

Неши ақраб на аз пайи кин аст,
Муқтазои табиаташ ин аст.

Имрӯзҳо ҳастанд баъзе аз он роҳгумзадаҳое, ки дар пушти хоҷагони хориҷиашон пинҳон шуда, бо табиати ақрабиашон ба ҳукумату давлати хеш неш мезананд. Тарзи  давлатдориро зулм ба ҷомеа мешуморанд. Ин ҷо суоле ба миён меояд: Ин  гумроҳон дар куҷои ҷомеаи имрӯза нишонаҳои зулмро дида бошанд? Бо шарофати фарзанди фарзонаи кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии орому осоишта тамоми минтақаи Тоҷикистонро фарогир аст.

Шаҳрвандони кишвари ҳамсояи мо Афғонистон ҳасрати чунин роҳбарро мехӯранд. Тамоми пешравиҳои Тоҷикистонро аз ҷумла ба соҳибистиқлолиаш арҷ мегузоранду орзуи онро доранд. Ба тарзи зисту зиндагии шаҳрвандони кишвари мо ба чашми ҳасрат менигаранд. Зеро зиёда аз 40 сол мешавад, ки онҳо дар ин роҳ мубориза мебаранд, аммо натиҷае ба даст намеоранд, ки онро дар надоштани чунин роҳбаре ба мисли Пешвои миллати мо медонанд.

Мо имрӯз ифтихор аз он дорем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намунаи ибрат буда,  аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардид. Таърихи тамаддун ёд надорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин муҳлати кӯтоҳ қатъ шуда бошад ва ҷонибҳои даргир дасти дӯстӣ ба ҳам дода, фаъолияти солими дастгоҳи воҳиди  давлати  хешро ба манзури  ободии  кишвар  равон  намоянд.

Роҳеро, ки тӯли ин солҳо Сарвари давлат  тай намудааст, пур аз печу фароз, мушкилиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто пур аз хатару ҷоннисорӣ буд. Аммо роҳи таърихӣ ва таърихсоз буд. Роҳе буд, ки миллатеро, кишварреро ба қуллаҳои умеду музаффарият расонид. Роҳи қаҳрамонӣ буд. Мо ба ин қаҳрамони миллатамон арҷ мегузорем.

 

ДАР АКСИ БОЛО: Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми иштирок дар чорабинии бошукӯҳи идона ба ифтихори 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт, 27 июни соли 2017.

Июнь 28, 2020 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд