Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳо барои дохилшавандагони соли таҳсили 2020-2021 тамдид мегардад

Июль 27, 2020 11:50

ДУШАНБЕ, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Қабули ҳуҷҷатҳо барои дохилшавандагони соли таҳсили 2020-2021 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов то 1 август идома меёбад ва хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба ин муассиса супоранд. Ҳамчунин дар нақша аст, ки қабули ҳуҷҷатҳо тамдид карда шавад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Миралӣ Достизода ба хабарнигорон ибрози назар намуд.

Миралӣ Достизода зикр намуд, ки аз соли 2014 инҷониб Консерватияи миллии Тоҷикистон барои ҷалби беҳтарин истеъдодҳои соҳаи санъат дар муассиса комисияи қабул таъсис додааст. Инчунин аз ҷониби  омӯзгорони муассиса гурӯҳи кории махсусе таъсис ёфтааст, ки ба ноҳияҳои дурдасттарини мамлакат сафар намуда, нафарони соҳибистеъдодро барои таҳсил даъват менамояд.

Дар нишаст иброз намуданд, ки Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ягона муассисаи таҳсилоти олиест, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони соҳаи мусиқии касбӣ тарбия менамояд. Он тамоми фаъолияти худро барои беҳтар намудани сифати таълим, таҳия ва татбиқи стандартҳо, нақшаҳои таълимӣ, корҳои илмӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва эҷодиву иҷрокунандагӣ, таълифи китобҳои дарсӣ ва ҳавасмандсозии омӯзгорони ҷавон равона кардааст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар консерватория 1 донишҷӯ аз Россия, 8 нафар аз Ӯзбекистон, 1 нафар аз ИМА, 1 нафар аз Корея, 1 нафар аз Эрон ва 1 нафар аз Ҳиндустон таҳсил менамоянд.

Ба гуфти  ректори Консерватория, дар давраи пандемия донишҷӯёни хориҷӣ ба ватани худ барнагаштанд ва аз ҷониби муассиса онҳо бо хобгоҳ таъмин гардиданд.

Баҳри ба сатҳи байналмилалӣ бардоштани ҷараёни таҳсил ба ҳайси омӯзгор ба Консерватория мутахассисони барҷастаи хориҷӣ, аз ҷумла профессорони Консерваторияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мустафо Бафоев,  пианинанавоз аз Ҷумҳурии Қирғизистон Зайтуна Наримбаева, Исматулло Тағойқулов аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷалб карда шудаанд. Инчунин дар муассиса олимони шинохта ва устодони варзида ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд.

Дар Консерватория се факултет- иҷрокунандагӣ, мусиқии суннатии тоҷик, санъати мусиқии эстрада ва 13 кафедра фаъолият мекунанд. Таҳсил дар ин муассиса аз рӯйи низоми кредитӣ ва омода намудани 14 ихтисоси зерин, ба монанди фортепиано, созҳои оркестрӣ (торӣ-камончадор), созҳои оркестрӣ (нафасӣ), созҳои миллӣ, дирижёри хор, дирижёри оркестри симфонӣ,  сарояндагии академӣ (операвӣ),  мусиқишиносӣ, композиторӣ, сарояндагии эстрадӣ,  режиссураи овоз, сарояндагии суннатӣ ва навозандагии суннатӣ ба роҳ монда шудааст.

Июль 27, 2020 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад