Дар нимсолаи аввали соли равон 1117 хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда шуд

Июль 17, 2020 14:16

ДУШАНБЕ, 17.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми нимсолаи аввали соли равон дар тамоми ҷумҳурӣ 1117 хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Ба иттилои раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода, дар ин давра аз ҳама бештар хоҷагии деҳқонӣ дар вилояти Хатлон- 405 ва вилояти Суғд-401 ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 271 ва дар ВМКБ – 40 ададро ташкил доданд.

Дар маҷмӯъ, ҳоло дар миқёси ҷумҳурӣ 188162 хоҷагии деҳқонӣ ташкил шудааст. Аз ин шумора 69594 адад ба вилояти Суғд, 68758  ба вилояти Хатлон, 16252 ба ВМБК ва 33558 адад ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  рост меоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои бақайдгирӣ 21467 адад ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин, аз он 2443 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ, 114 адад хоҷагиҳои иловагии ёрирасон, 16260 адад қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, 273 адад дигар намуди хоҷагидории кишоварзӣ, 2377 адад зери сохтмон ва эҳтиёҷоти дигар ба қайди давлатӣ гирифта шуда, заминистифодабарандагон бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таъмин гардидаанд.

Июль 17, 2020 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд