Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фермаи моли калони шохдор пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт

Июль 1, 2020 08:15

ДУШАНБЕ, 01.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фермаи моли калони шохдори ҶСШК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Дар маросими баистифодадиҳии иншооти мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Салимзода ва раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода иштирок карданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, масоҳати фермаи чорводории моли калони шохдори хоҷагӣ 8 гектар буда, он аз 5 оғилхона, 6 шипанги баҳорӣ, анбор барои захираи хӯроки чорво, ошхона ва бинои маъмурӣ иборат мебошад. Соли ҷорӣ бинои оғилхонаи 1 ва 2, шипанги баҳории 1 ва 2, анбор, бинои маъмурӣ, ошхона аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Тибқи иттилои масъулини бахши кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, саршумори умумии моли калони шохдори фермаи ҷамъият 377 сарро ташкил дода, аз он модагов  147 сар мебошад. Дар ферма чорвои калони шохдори зоти сиёҳалои типи тоҷикӣ парвариш карда мешавад.

Мувофиқи маълумот, соли 2019 дар фермаи чорводории хоҷагӣ 2320 тонна шир истеҳсол шудааст. Ҳисоби миёнаи ширдўшӣ аз як сар модагов ба 1982 литр баробар аст.

Шумораи кормандони фермаи чорводорӣ 17 нафарро ташкил дода, аз он 7 нафар занҳо мебошанд. Музди миёнаи моҳонаи кормандони фермаи чорводорӣ 580 сомониро ташкил медиҳад.

Ёдовар бояд шуд, ки масоҳати умумии замини ҶСШК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев 17 221 гектарро ташкил дода, аз он қитъаи корами обӣ 2504 гектар, корами лалмӣ 274 гектар, 603 гектар боғот, 1717 гектар чарогоҳ ва дигар заминҳо 12123 гектар мебошад.

Шумораи умумии саҳмдорон 586 нафарро ташкил дода, аз он 280 нафар занҳо мебошанд.

Дар хоҷагии мазкур 2 фермаи чорводорӣ, парки тракторӣ ва автомобилӣ, 27 бошишгоҳи саҳроӣ, техникаю мошинолот мавҷуд мебошанд.

Июль 1, 2020 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид