Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фермаи моли калони шохдор пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 01.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фермаи моли калони шохдори ҶСШК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар маросими баистифодадиҳии иншооти мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Салимзода ва раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода иштирок карданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, масоҳати фермаи чорводории моли калони шохдори хоҷагӣ 8 гектар буда, он аз 5 оғилхона, 6 шипанги баҳорӣ, анбор барои захираи хӯроки чорво, ошхона ва бинои маъмурӣ иборат мебошад. Соли ҷорӣ бинои оғилхонаи 1 ва 2, шипанги баҳории 1 ва 2, анбор, бинои маъмурӣ, ошхона аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Тибқи иттилои масъулини бахши кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, саршумори умумии моли калони шохдори фермаи ҷамъият 377 сарро ташкил дода, аз он модагов 147 сар мебошад. Дар ферма чорвои калони шохдори зоти сиёҳалои типи тоҷикӣ парвариш карда мешавад.
Мувофиқи маълумот, соли 2019 дар фермаи чорводории хоҷагӣ 2320 тонна шир истеҳсол шудааст. Ҳисоби миёнаи ширдўшӣ аз як сар модагов ба 1982 литр баробар аст.
Шумораи кормандони фермаи чорводорӣ 17 нафарро ташкил дода, аз он 7 нафар занҳо мебошанд. Музди миёнаи моҳонаи кормандони фермаи чорводорӣ 580 сомониро ташкил медиҳад.
Ёдовар бояд шуд, ки масоҳати умумии замини ҶСШК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев 17 221 гектарро ташкил дода, аз он қитъаи корами обӣ 2504 гектар, корами лалмӣ 274 гектар, 603 гектар боғот, 1717 гектар чарогоҳ ва дигар заминҳо 12123 гектар мебошад.
Шумораи умумии саҳмдорон 586 нафарро ташкил дода, аз он 280 нафар занҳо мебошанд.
Дар хоҷагии мазкур 2 фермаи чорводорӣ, парки тракторӣ ва автомобилӣ, 27 бошишгоҳи саҳроӣ, техникаю мошинолот мавҷуд мебошанд.








Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»






