Дар шаҳри Гулистон дар ду соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 70 иншоот сохта шуд

Июль 11, 2020 10:44

ДУШАНБЕ, 11.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор баҳри истиқболи​ сазовори  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд давоми ду сол 129 иншооти ҷашнӣ, ба маблағи беш аз 280 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд.​ Ҳамзамон, дар натиҷаи корбарӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва сокинони саховатманд дар ин муддат зиёда аз 70 иншооти иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Ин матлаб зимни ҷаласаи фаъолони шаҳр доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ  давоми  шаш моҳи  соли 2020, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон баргузор шуд, баён гардид.

Дар ҷаласа  роҷеъ ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр муовини якуми раиси шаҳр Нуринисо Комилзода маърӯза намуд. Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ  қисми даромади буҷети давлатӣ 100,7 фоиз ва нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 109,3 фоиз иҷро гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра​ ба иқтисодиёти шаҳр​ 91,3 миллион сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб гардид, ки​ аз он 46,9 миллион сомонӣ инвеститсияҳои хориҷӣ ва 44,4 миллион сомонӣ инвеститсияи дохилӣ буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта инвеститсияи дохилӣ 2,2 маротиба зиёд мебошад.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми шаш моҳ ба маблағи 1 миллиарду 244,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои саноатии шаҳр афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,1% то ба 3,6 маротиба зиёд таъмин намуда, 64 номгӯи маҳсулотро истеҳсол намуданд.​

Июль 11, 2020 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд