ҶДММ «Ҷавонӣ» бо фармоиши мизоҷони аврупоӣ маҳсулот омода мекунад
ДУШАНБЕ, 25.07.2020. /АМИТ «ХОВАР»/. Дар ҶДММ «Ҷавонӣ»- яке аз корхонаи нассоҷии маркази вилояти Суғд дар як сол қариб 1,4 миллион адад маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ, ба монанди шиму нимшимҳои мардона, занона ва бачагона истеҳсол мешаванд, ки аз 97 то 100 фоизи таркиби онҳоро пахта ташкил медиҳад. Истеҳсоли маҳсулоти коргоҳ дар асоси фармоишҳои мизоҷони аврупоӣ иҷро гашта, маҳсулот асосан ба давлатҳои Италия, Хорватия ва як миқдори муайян ба Федератсияи Россия содирот мегардад. Дар корхона беш аз 800 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор шароити хуби фаъолият таъмин гардидаанд.
Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Масъули корхона барои рақобат кардан дар бозори ҷаҳонӣ кӯшиш доранд, ки ҳар сол намуди матоъ ва маҳсулоти дӯхтаро иваз намоянд. Зеро бозори ҷаҳонӣ сифати баланди маҳсулотро талаб мекунад. Дар ин раванд корхона маҳсулоташро ба давлатҳои Чин, Бангладеш, Шриланка, Покистон ва Ветнам мефиристад. Айни ҳол дар корхона 60 намуд маҳсулоти тайёр истеҳсол мегарданд.
Ҳадафи асосии корхона коркарди ниҳоии нахи пахта бо технологияҳои замонавӣ, истеҳсол ва фурӯши риштаҳои пахтагин, матоъҳо ва тамоми намуди шимҳову нимшим ва доман (мардона, бачагона) мебошад. Алҳол дар ҶДММ «Ҷавонӣ» сехҳои истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, рангуборкунӣ, минтақаҳои дарзмолкунӣ ва пардоздиҳӣ (коркарди матоъ, рангкунӣ) амал менамоянд, ки таҷҳизоту технологияи он пурра аз давлатҳои Аврупо харида, насб гардидааст. Ашёи хоми корхона аз хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Конибодом, Зафаробод ва Бобоҷон Ғафуров дастрас мегардад.
Имрӯзҳо корхонаи мазкур бо иқтидори пурра фаъолияти хешро ба роҳ монда, дар давраи бемории сироятии COVID-19 бо тавсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои дастгирии кормандон 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо ва ба ҳар яки онҳо дастрас карда шудааст.








Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид






