Гулнора Ҳасанзода: «Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,2 фоиз зиёд шудааст»
ДУШАНБЕ, 30.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ (якҷо бо хоҷагиҳои аҳолӣ) дар давраи ҳисоботӣ 9393,8 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 8,2 фоиз зиёд шудааст. Ин маълумотро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода манзури намояндагони воситаҳои ахбори омма намуд.
«Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли меваҷот дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ 1,8 фоиз зиёд гардида, ба 123515 тонна расонида шудааст. Себ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,2 фоиз зиёд ва зардолу 0,7 фоиз кам шудааст. Истеҳсоли ангур дар моҳҳои январ-июни соли 2020 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ 2148 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,9 фоиз зиёд мебошад», — илова намуд Г. Ҳасанзода.
Ба иттилои номбурда, дар ин давра, аз ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 8,5 фоиз ва чорвопарварӣ 7,5 фоиз афзудааст. Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо дар ҳамаи категорияи хоҷагидорӣ 606443 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 фоиз зиёд шудааст. Истеҳсоли гандум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,1 фоиз зиёд мебошад.
Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли картошка дар ҳамаи категорияи хоҷагидорӣ 196815 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,2 фоиз кам мебошад. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ истеҳсоли сабзавот дар ҳамаи категорияи хоҷагидорӣ 15,0 фоиз ва зироати полезӣ 16,4 фоиз зиёд шудааст.








Дар Душанбе вохӯрии якуми Шурои кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Масъалаи таҳвили нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Эрон ба Тоҷикистон баррасӣ шуд
Сарвазири Гурҷистон аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Тоҷикистон боздид намуд
Дар Бишкек масъалаи татбиқи лоиҳаи Хати лӯлаи гази транзитии «Осиёи Марказӣ – Чин» баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурҷистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Муколамаи вазирони энергетика дар қолаби «Русия + Осиёи Марказӣ» баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурҷистон Созишнома ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Қирғизистон лоиҳаҳои «CASA-1000» ва «REMIT»-ро дар Бишкек баррасӣ намуданд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд – 2026» беш аз 200 ширкати ватанӣ иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон низоми муосири электронии мубодилаи сертификатҳои фитосанитарӣ татбиқ мегардад






